Шиносоии наздики Рамазон Раҳимов бо фаъолияти Раёсати ВКД дар Суғд

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба вилояти Суғд сафар намуда, аз рафти натиҷаҳои фаъолияти хизматии кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва омодагии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии вилояти мазкур ба зимистон аз наздик шинос шуд.     Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, ҳангоми сафар вазир бо ҳайати шахсии […]

ASIA-Plus


Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба вилояти Суғд сафар намуда, аз рафти натиҷаҳои фаъолияти хизматии кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва омодагии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии вилояти мазкур ба зимистон аз наздик шинос шуд.  

 

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, ҳангоми сафар вазир бо ҳайати шахсии Раёсати дар вилояти Суғд ҳамсӯҳбат шуда, иброз дошт, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар корманди милитсия  пеш аз ҳама ин ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ мебошад, ки он дар ҳамкории зич бо аҳолӣ ба даст меояд.

Мавсуф, инчунин зимни ин сафари хизматӣ аз шароити кории кормандон ва ободонии биноҳо дидан намуда, ҳайати шахсиро ба хизмати содиқона дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ободиву хуррамии ватани азизамон ҳидоят намуд.

Ҳамчунин Вазири корҳои дохилӣ барои боз ҳам беҳтар намудани шароити хизматии кормандони милитсияи вилояти Суғд ба роҳбарияти РВКД дар вилояти Суғд супоришҳои мушаххас дода бори дигар таъкид намуд, ки дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ зиракиву ҳушёрии касбии хешро аз даст надода  ҳамеша аз паи фаъолияти хизматӣ бошанд.

Рамазон Раҳимов ба тамоми ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд супориш дод, ки бинобар сабаби сард шудани обу ҳаво ва боришот, барои таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо ва рафъи офатҳои табиӣ дар ҳолати омадабошӣ қарор дошта бошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.