Ҳабси 7-рӯзаи наворбардори хабаргузории «Озодагон»

Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории “Озодагон”, ки зӯҳри 25 декабр дар наздикии боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ аз сӯи мақомоти пулис боздошт шуд, барои ҳафт шабонарӯз ҳабс гардидааст. Дар ин бора Хуршед Раҳмонов, муовини раиси шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, хабар додааст. Мақомот мегӯянд, Шукуров барои гӯиё вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам мешавад. Ин […]

ASIA-Plus


Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории “Озодагон”, ки зӯҳри 25 декабр дар наздикии боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ аз сӯи мақомоти пулис боздошт шуд, барои

ҳафт шабонарӯз ҳабс

гардидааст.

Дар ин бора Хуршед Раҳмонов, муовини раиси шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, хабар додааст. Мақомот мегӯянд, Шукуров барои гӯиё вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам мешавад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан худи Раҳмонов ба масъулони “Озодагон” ваъда дода буд, ки Абдураҳим Шукуровро барои ташхис ё экспертиза мебарад ва баъдан раҳо хоҳад кард. Зеро наворбардори “Озодагон” дар як дидори кӯтоҳ бо масъулони хабаргузорӣ шикоят кард, ки ӯро баъд аз боздошт дар роҳ ба сӯи Шӯъбаи умури дохилӣ латту кӯб кардаанд ва ноҳияи чашмаш осеб дидааст.

Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории “Озодагон”, ҳангоми наворбардорӣ аз рафти таҷаммӯи наздикон ва ҷонибдорони Зайд Саидов дар назди боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе дастгир шуд. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик, ҳамон вақт барои раҳоии ӯ талош карда, аммо маъмурони пулис Шукуровро дар худрав шинонда бо худ бурдаанд.

Хонум Бобоназарова дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, “ман хостам, сӯҳбат кунам ва бигӯям, ки вай ҳеч қонунро вайрон накардааст. Онҳо нагузоштанд ва гуфтанд, ки мо мебарему ҷавоб медиҳем. Ман гуфтам, модоме ки ҷавоб доданӣ ҳастед, чаро мебаред? Яъне, методе ки бояд тарс диҳанд, ҳеч аз он дур намешаванд. Роҳбарияти Вазорати умури дохилӣ бояд ба ин фактҳо аҳамият диҳанд.”

Қарори ҳабси Абдураҳим Шукуров дар ҳоле содир шуда, ки ӯ вакили мудофеъ надошт. Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, боздошт ва ҳабси Шукуровро, ки танҳо машғули фаъолияти касбияш будааст, ғайриқонунӣ донист.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.