Боздиди намояндагони Шӯрои амнияти Ҳиндустон аз ВКД Тоҷикистон

Чанде қабл муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Абдураҳмон Бузмаков бо намояндагони Шўрои бехатарии кишвари Ҳиндустон вохўрӣ доир намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар ин вохўрӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, полковники милитсия Девонаев Сафиало Азизуллоевич, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД, полковники милитсия […]

ASIA-Plus


Чанде қабл муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Абдураҳмон Бузмаков бо намояндагони Шўрои бехатарии кишвари Ҳиндустон вохўрӣ доир намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар ин вохўрӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, полковники милитсия Девонаев Сафиало Азизуллоевич, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД, полковники милитсия Солиева Зумрад Тухтасиновна ва аз кишвари Ҳиндустон Сафири фавқуллода ва мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Аситх Бхаттачарчи, муовини мушовир оид ба амнияти миллии ин кишвар Нехчал Сандху, котиби котиботи Шўрои амнияти миллӣ Сохраб Кумар ва котиби дуюми Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон Наорем Чогендрачит Синх иштирок доштанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохўрии тарафайн масоили марбут ба самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, ҳамкории наздисарҳадӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамчунин хариду фурўши ғайриқонунии яроқу аслиҳаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Гуфта мешавад, дар вохўрии мазкур, ки хеле самимӣ ва пурмўҳтаво доир гардид, дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани савияи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.