«Ҷумҳурият» 5 маротиба дар як ҳафта чоп мешавад

Шурӯъ аз соли нав нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон – «Ҷумҳурият», ки имсол ҷашни 90-умин солгарди таъсисёбиаш таҷлил мегардад, дар як ҳафта 5 маротиба ба табъ мерасад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз идораи нашрия хабар доданд, бинобар сабаби «хеле зиёд будани мавод ва имкон надоштани газета ба чопи саривақтии он», тасмим гирифта шудааст, ки ҳар ҳафта […]

Аваз Юлдошев


Шурӯъ аз соли нав нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон – «Ҷумҳурият», ки имсол ҷашни 90-умин солгарди таъсисёбиаш таҷлил мегардад, дар як ҳафта 5 маротиба ба табъ мерасад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз идораи нашрия хабар доданд, бинобар сабаби «хеле зиёд будани мавод ва имкон надоштани газета ба чопи саривақтии он», тасмим гирифта шудааст, ки ҳар ҳафта 5 шумораи газета ба чоп хоҳад расид.

«Дар замони шӯравӣ нашрия дар як ҳафта 6 маротиба чоп мешуд ва дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ чопи он ба 1 шумора дар як ҳафта расид. Аз соли 2000-ум дар як ҳафта рӯзнома 3 маротиба ба нашр мерасид. Айни замон имконоти молии кишвар хубтар буда, мутаносибан талаботи аҳолӣ ба газета низ меафзояд», – гуфт манбаъ.

Нахустин шумораи газета 15-уми марти соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» ва шумораи дуюм таҳти унвони «Бедории тоҷик» ба табъ расид. Аз соли 1928 то 1-уми январи соли 1955 газета «Тоҷикистони Сурх» ва аз 1-уми январи соли 1955 то моҳи сентябри соли 1991 «Тоҷикистони Советӣ» ном дошт. Аз моҳи сентябри соли 1991 то имрӯз газета таҳти унвони «Ҷумҳурият нашр мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.