Дар Покистону Арабистон амнияти донишҷӯёни тоҷик таъмин нест

Донишҷӯёни тоҷик ба кишварҳое, ки дар он ҷо амнияташон таъмин нест, барои таҳсил фиристода намешаванд. Ин нуктаро имрӯз, 13-уми январ Амрохон Алиев, сардори Раёсати равобити байнулмилалии Вазорати маориф ва илми  ҶТ  зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе зикр кард. Вай гуфт: “Мо донишҷӯёни худро аз Арабистон баргардонидем. Ба Покистон ҳам донишҷӯ намефиристем. Танҳо дар сурате донишҷӯёни […]

Исфандиёр Халилов


Донишҷӯёни тоҷик ба кишварҳое, ки дар он ҷо амнияташон таъмин нест, барои таҳсил фиристода намешаванд.

Ин нуктаро имрӯз, 13-уми январ Амрохон Алиев, сардори Раёсати равобити байнулмилалии Вазорати маориф ва илми 

ҶТ 


зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе зикр кард. Вай гуфт: “Мо донишҷӯёни худро аз Арабистон баргардонидем. Ба Покистон ҳам донишҷӯ намефиристем. Танҳо дар сурате донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил ба хориҷ фиристода мешаванд, ки амнияти онҳо дар он кишвар таъмин бошад. Ба Ӯзбекистон сабаби нафиристодани донишҷӯёни тоҷик дар он аст, ки ин кишвари ҳамсоя даъват накардааст”.

Ба гуфтаи номбурда, ҳар сол 250 нафар довталабон барои курсҳои тайёрӣ ба Ҷумҳурии исломии Эрон фиристода мешаванд. Дар ин хусус Тоҷикистон бо Эрон шартнома дорад. Дар асоси ин шартнома Тоҷикистон ҳам ӯҳдадор шудааст, ки донишҷӯёни эрониро ба донишгоҳҳои кишвар ҷалб намояд. Амрохон Алиев мегӯяд, ки дар ин самт ягон мушкили мазҳабӣ ва сиёсӣ вуҷуд надорад. Танҳо дар Эрон як муддат ба тағйирот дар ҳукумат ва ҷобаҷогузории кадрҳо машғул буданд. Намояндагони эронӣ сабаби таъхир дар фиристонидани донишҷӯёни тоҷик ба муассисаҳои олии ин кишварро ба мавзӯи тағйирот дар сатҳи ҳукумат рабт додаанд.

Вай афзуд: “Соли 2013 ба ҷумҳурии исломии Эрон барои фаро гирифтани 90 ихтисос пешниҳод фиристода будем. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Эрон тахассусҳои хубе ҳастанд, ки дар Тоҷикистон мавҷуд нест. Мо ба мақомоти дахлдори ҶИЭ пешниҳод кардем, ки донишҷӯёни моро ба тахассусҳои дар Тоҷикистон вуҷуднадошта фаро гиранд. Намояндагони Эрон ҷавоби рад надодаанд. Мо мунтазирем, ки кай ин пешниҳодро қабул мекунанд. Имрӯз зиёда аз 300 нафар довталабони тоҷик ҳуҷҷатҳои худро супоридаанд ва мунтазири посухи ҷониби Эрон мебошанд”.

Ба иттилои масъулини Вазорати маориф ва илми ҶТ, теъдоди донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, сол то сол меафзояд. Шумори донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷ таҳсил доштанд, соли 2013 ба 2488 нафар расидааст. Дар соли 2012 ин теъдод 1262 нафар буд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.