Холиқназаров: Тоҷикистон ба муносибат бо Русия бояд арҷ гузорад

Роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназаров бар ин назар аст, ки Тоҷикистон бояд ба сиёсати шарикии стратегӣ бо Русия идома бахшида, ба ин муносибатҳо арҷ бигузорад. «Ин хеле муҳим буда, бо доштани чунин шарики бузургу пурқувват Тоҷикистон ҳамеша имкони тавсеъаи ҳамаҷонибаи нуфузи худро дошта, дар самти муътадил рушд хоҳад кард», – иброз […]

Пайрав Чоршанбиев


Роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназаров бар ин назар аст, ки Тоҷикистон бояд ба сиёсати шарикии стратегӣ бо Русия идома бахшида, ба ин муносибатҳо арҷ бигузорад.

«Ин хеле муҳим буда, бо доштани чунин шарики бузургу пурқувват Тоҷикистон ҳамеша имкони тавсеъаи ҳамаҷонибаи нуфузи худро дошта, дар самти муътадил рушд хоҳад кард», – иброз дошт ӯ зимни нишасти хабарии имрӯза.

Роҳбари МТС тавсия дод, ки ба изҳороти манфӣ нисбати Тоҷикистон, ки гоҳ-гоҳ дар ВАО-и Русия садо медиҳанд, набояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуд, зеро ин изҳорот аз ҷониби шахсоне сурат мегирад, ки ба сиёсати расмии Русия ҳеҷ муносибате надоранд.

«Ба ин вокуниш нишон додан лозим нест. Дар баъзе шабакаҳои телевизиони Русия нисбати Тоҷикистону тоҷикон тамоили манфӣ вуҷуд дорад. Мо инро мушоҳида мекунем, вале вокуниш нишон нахоҳем дод, чунки ин шабакаҳо хусусианд. Бадхоҳони Тоҷикистон ҳама ҷо ҳастанд», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.