Ифтитоҳи гӯшаи алоҳида дар Раёсати консулгарии ВКХ барои ширкатҳои сайёҳӣ

Дар Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои хизматгузории ширкатҳои сайёҳӣ гӯшаи алоҳида ифтитоҳ шуд. Тавре аз котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳбуди муҳити сармоягузории назди президенти ҶТ хабар доданд, ин иқдом ба хотири иҷрои супориши протоколии ҷаласаи Шӯрои машваратӣ аз 13-уми декабри соли 2013 дар доираи ислоҳот дар бахши сайёҳӣ рӯйи кор омад. «Гӯшаи […]

ASIA-Plus


Дар Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои хизматгузории ширкатҳои сайёҳӣ гӯшаи алоҳида ифтитоҳ шуд.

Тавре аз котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳбуди муҳити сармоягузории назди президенти ҶТ хабар доданд, ин иқдом ба хотири иҷрои супориши протоколии ҷаласаи Шӯрои машваратӣ аз 13-уми декабри соли 2013 дар доираи ислоҳот дар бахши сайёҳӣ рӯйи кор омад.

«Гӯшаи алоҳида ба пурмаҳсулии фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ва соддакунии кори онҳо ба таври назаррас беҳбуд бахшида, ба ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ва рушди ин соҳаи муҳим дар кишвар мусоидат хоҳад кард», – зикр мекунанд дар Раёсати консулгарии ВКХ.

Ба иттилои манбаъ, гуруҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ бо ҷалби коршиноси байнулмилалӣ бахши сайёҳии Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор дода, дар заминаи ин таҳлил ҳуҷҷати таҳқиқотии «Модели рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон: таҳлил ва тавсияҳо» таҳия гардид.

Гуфта мешавад, ҳуҷҷат аз 49 тавсияҳои муфассал оид ба рушди бахши сайёҳӣ ва лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои ҳукумат дар ин самт иборат буда, ин ҳуҷҷатҳо ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи 12-уми Шӯрои машваратӣ пешниҳод гардиданд ва оид ба амалисозии онҳо қарорҳои дахлдор қабул шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.