Соли 2013 барои Бонки Эсхата соли дастовардҳо шуд

Давоми соли 2013 дар шаҳру ноҳияҳои кишвар зиёда аз 60 маркази хизматрасонии бонкӣ, 84 нуқтаҳои интиқоли пулӣ ва 3 филиали нави Бонки Эсхата кушода шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти бонк, стратегияи рушди шабакаи хизматрасонӣ бо мақсади васеъшавии ҷуғрофии фаъолияти бонкӣ ва таъмини дастрасии мизоҷон ба хизматрасониҳои босифат барои онҳо мусоидат карда истодааст. «Тибқи маълумотимутахассисони […]

ASIA-Plus


Давоми соли 2013 дар шаҳру ноҳияҳои кишвар зиёда аз 60 маркази хизматрасонии бонкӣ, 84 нуқтаҳои интиқоли пулӣ ва 3 филиали нави Бонки Эсхата кушода шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти бонк, стратегияи рушди шабакаи хизматрасонӣ бо мақсади васеъшавии ҷуғрофии фаъолияти бонкӣ ва таъмини дастрасии мизоҷон ба хизматрасониҳои босифат барои онҳо мусоидат карда истодааст.

«Тибқи маълумотимутахассисони бонк,  соли 2013 аз рӯи шумораи кушодашавии сохторҳои бонкӣ соли рекордӣ буд. Дар маҷмӯъ шумораи филиалҳо 18%, марказҳои хизматрасонии бонкӣ 44% ва нуқтаҳои интиқоли пулӣ 270% афзоишро нишон медиҳад, ки якчанд баробар нисбати солҳои гузашта зиёд аст», – зикр мегардад дар хабари бонк.

Зимнан зикр мегардад, ки санаи 31 декабр соли 2013 Бонки Эсхата дорои 19 филиал, 85 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 279 Нуқтаи интиқоли пулӣ дар тамоми ҷумҳурӣ буда, бо рушди мавқеи ҷойгиршавӣ соли 2013 мутаносибан шумораи кормандони бонк низ 44% зиёд гардид. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.