Хонаи фарҳанги шаҳри Роғун моҳи март ба истифода дода мешавад

Сохтмони хонаи фарҳанги шаҳри Роғун, соли 2009 оғоз гардида буд, моҳи марти соли ҷорӣ, дар арафаи ҷашни Наврӯз ба анҷом мерасад. Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Роғун Пирумшо Абдураҳимов иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, сохтмони иншооти мазкур якчанд маротиба бо сабабҳои камомади молӣ мувақаттан ба таъхир […]

Суман Шаҳзода


Сохтмони хонаи фарҳанги шаҳри Роғун, соли 2009 оғоз гардида буд, моҳи марти соли ҷорӣ, дар арафаи ҷашни Наврӯз ба анҷом мерасад.

Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Роғун Пирумшо Абдураҳимов иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, сохтмони иншооти мазкур якчанд маротиба бо сабабҳои камомади молӣ мувақаттан ба таъхир гузошта шуда буд. Бинои хонаи фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 утоқи корӣ барои масъулони бахши фарҳанги шаҳр мебошад.

«Корҳои сохтмонӣ 85% иҷро шудаанд. Маблаггузорӣ барои роҳандозии корхои сохтмонӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи шаҳри Роғун ҷудо гардида, ҳудуди 2 млн. сомониро ташкил медиҳад. Мувофиқи нақша, бинои мазкур бояд нимаи аввали моҳи март ба истифода дода шавад», – афзудАбдураҳимов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.