Сафир: Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад

Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов имрӯз дар суҳбати телефонӣ ба хабарнгори ОИ «Азия-Плюс» тасдиқ намуд, ки сафоратхона дар Бишкек бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, дар назди бинои сафоратхона ягон ҳодиса ё гирдиҳамоие ба вуқӯъ напайвастааст. Дар робита ба вазъи кунунӣ дар марзи давоатии Тоҷикистону Қирғизистон сафир хотиррасон намуд, ки ҳанӯз соли 2008 сарони ҳарду […]

Меҳрангез Турсунзода


Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов имрӯз дар суҳбати телефонӣ ба хабарнгори ОИ «Азия-Плюс» тасдиқ намуд, ки сафоратхона дар Бишкек бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, дар назди бинои сафоратхона ягон ҳодиса ё гирдиҳамоие ба вуқӯъ напайвастааст.

Дар робита ба вазъи кунунӣ дар марзи давоатии Тоҷикистону Қирғизистон сафир хотиррасон намуд, ки ҳанӯз соли 2008 сарони ҳарду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Қурмонбек Боқиев дар бораи манъи роҳандозии фаъолияти хоҷагидорӣ дар минтақаҳои баҳсии марз то ба итмом расидани аломатгузорӣ дар он ба мувофиқа расида буданд.

Раҳимов мегӯяд, сарфи назар аз ин мувофиқа, дар сурати зарурат Тоҷикистон нисбати қирғизҳо ба гузаштҳо розӣ мешуд. «Дар сурати зарурат агар онҳо дар марз корҳои сохтмонӣ анҷом доданӣ мешуданд, мо муқобил набудем, вале қаблан ин масъаларо сари мизи гуфтушунид мувофиқа мекарданд, зеро чунин масъалаҳо набояд якҷониба, балки дар гуфтушунидҳои дуҷониба баррасӣ шаванд», – изҳор кард дипломати тоҷик.

Сафир мутмаин аст, ки то комилан ҳал нашудани масъалаи аломатгузорӣ дар марз, чунин муноқишаҳо дар манотиқи наздимарзӣ идома хоҳанд ёфт. «Мушкилоти аломатгузорӣ барои он ҳаллу фасл намешавад, ки дар ин масъала кишварҳо ба ду харитаи гуногун такя мекунанд», – афзуд О.Раҳимов.

Дипломати тоҷик аз шарҳи масъалаи

ба Бишкек даъват шудани

ҳамтои қирғизи худ худдорӣ варзид.

Рӯзи 14-уми январ дар хабари интишоршуда дар сомонаи намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Бишкек сафоратхона

мавқеи худ

нисбати ин қазияро изҳор намуд.

Дар ҳамин ҳол, нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Исфара

вохӯрии навбатии

роҳбарони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар назар буда, ҷонибҳо бори дигар ба дарёфти роҳҳои ба эътидол овардани вазъ дар марз кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Бино ба маълумоти хабаргузории КирТаг, имрӯз дар ҷаласаи пӯшидаи Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) вазъи мавҷуда дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ мешавад.

Вакили парлумони Қирғизистон Турсунбой Бакир углу дар ин робита зикр кардааст, ки «агар баррасии масъаларо ба дарозо кашем, заминҳои худро метавонем аз даст диҳем, зеро сокинони маҳаллии аз низоъҳо хасташуда аллакай манзилҳои худро тарк мекунанд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.