Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни мактабҳои олии Тоҷикистону Русия

Чанде қабл дар шаҳри Маскав маросими ба имзо расидани Созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Русия ба номи Серго Орҷоникидзе доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, санаи 21-уми январ ректорони донишгоҳҳои мазкур Маҳмадюсуф Имомов ва Василий Лисов созишномаро ба имзо […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар шаҳри Маскав маросими ба имзо расидани Созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Русия ба номи Серго Орҷоникидзе доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, санаи 21-уми январ ректорони донишгоҳҳои мазкур Маҳмадюсуф Имомов ва Василий Лисов созишномаро ба имзо расонида, зикр карданд, ки ҷонибҳо дар навбати аввал ба ҳамкории байнидавлатӣ, бахусус дар соҳаи омодагии касбии кадрҳои соҳибтахассус таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир хоҳанд кард.

Ҳадафи аслии имзои созишнома дастгирии табодули таҷриба миёни ҷонибҳо дар тамоми бахшҳои таълим буда, дар шартнома табодули таҷриба ва ҳамкорӣ миёни омӯзгорону кормандони илмӣ, донишҷӯён дар лоиҳаҳои академии самтҳои илмиву амалӣ, амалисозии лоиҳаҳои муштарак, ташкили барномаҳо /курсҳрои таълимӣ, семинару конфронсҳои илмӣ ва дигар шаклҳои табодули таҷрибаву дониш пешбинӣ гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.