Аз соли 2015 муҳоҷирони корӣ тахассуси касбии худро тасдиқ хоҳанд кард

Дар Русия аз соли 2015 ҷорӣ гардидани меъёре пешбинӣ шудааст, ки мутобиқи он муҳоҷирони корӣ аз хориҷи кишвар зимни қабул ба кор ба тасдиқи тахассуси касбии худ уҳдадор мешаванд. Муовини нахуствазири Русия Олга Голодетс ба хабаргузории ИНТЕРФАКС дар ин робита изҳор намудааст, ки талабот ба сатҳи тахассуси касбии муҳоҷирони корӣ аз хориҷи кишвар ба меъёри […]

ASIA-Plus


Дар Русия аз соли 2015 ҷорӣ гардидани меъёре пешбинӣ шудааст, ки мутобиқи он муҳоҷирони корӣ аз хориҷи кишвар зимни қабул ба кор ба тасдиқи тахассуси касбии худ уҳдадор мешаванд.

Муовини нахуствазири Русия Олга Голодетс ба хабаргузории ИНТЕРФАКС дар ин робита изҳор намудааст, ки талабот ба сатҳи тахассуси касбии муҳоҷирони корӣ аз хориҷи кишвар ба меъёри талаботи тахассуси корӣ ба шаҳрвандони Русия баробар хоҳад буд.

«Ин санадҳои зерқонунӣ мешаванд, ки барои ҳамаи кормандон, аз ҷумла ба муҳоҷирон низ дахл хоҳанд дошт. Агар мо меъёрҳои тахассуси касбиро тасдиқ кунем, онҳо ба ҳамаи касоне, ки дар бозори меҳнати Русия ба фаъолият машғуланд, ҳатмӣ хоҳанд буд», – гуфтаст О.Голодетс.

Ба қавли муовини нахуствазири Русия, ба муайян кардани сатҳи тахассуси касбии муҳоҷирон марказҳои мустақили аз ҷониби иттиҳодҳои касбӣ таъсисёфта машғул мешаванд.

Қаблан ӯ дар ин робита зикр намуда буд, ки зарурати ҷорӣ шудани ин меъёр дар он аст, ки аксаран сатҳи тахассуси касбии мухоҷирон ба мавқеъҳое, ки онҳо дар бозори меҳнати Русия ишғол мекунанд, ҷавобгӯ нест.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.