«ИмрӯзNews»: Натиҷаҳои мониторинги Шӯрои ВАО ғайривоқеъӣ ва носаҳеҳанд

Дар робита ба интишори натоиҷи мониторинги Шӯрои ВАО, ки коршиносони Шӯро муддати 5 моҳ онро баргузор намуданд, сардабири рӯзномаи «ИмрӯзNews» бо изҳори норозигӣ аз натиҷаҳои он ба унвони Шӯро номаи расмӣ ирсол кард. Дар номаи расмӣ Назири Нусрат қайд мекунад, ки ҳайати эҷодии кормандони рӯзнома мониторинги мазкур оид ба риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро мавриди […]

Маҳпора Киромова


Дар робита ба интишори натоиҷи мониторинги Шӯрои ВАО, ки коршиносони Шӯро муддати 5 моҳ онро баргузор намуданд, сардабири рӯзномаи «ИмрӯзNews» бо изҳори норозигӣ аз натиҷаҳои он ба унвони Шӯро номаи расмӣ ирсол кард.

Дар номаи расмӣ Назири Нусрат қайд мекунад, ки ҳайати эҷодии кормандони рӯзнома мониторинги мазкур оид ба риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро мавриди омӯзиш қарор дода, ба хулосае расиданд, ки он ғайривоқеъӣ ва носаҳеҳ аст.

«Нашрияи «ИмрӯзNews» натиҷаҳои ин мониторингро маҳкум ва эътироф накарда, дар ин робита дар бораи қатъи узвият дар Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон тасмим гирифт ва ҳафтаи оянда ба Шӯро аризаи дахлдор пешниҳод шуда, ҳамчунин иттилоия дар ин бора мунташир хоҳад шуд. Ғайр аз ин, нашрия аз Шӯрои ВАО талаб дорад, ки бо кадом асос ба сафи нашрияҳои «калаванда» шомил сохтани «ИмрӯзNews» -ро расман шарҳ бидиҳад», – иброз дошт ӯ.

Раҳбарияти нашрия дар бораи оғози маъракаи махсуси ошкор намудани якҷонибагӣ ва ғаразнокии мониторингҳои Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон иттилоъ дод.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Назири Нусрат зикр кард, ки ӯ нусхаи аслии натиҷаҳои мониторингро дар ихтиёр дорад ва он комилан ба шакли дар сомоани Шӯрои ВАО (odob.tj) рӯзи 23-юми январ интишоршуда мувофиқ нест.

«Ман ҳамчунин бо яке аз муаллифони ин мониторинги нашршуда суҳбат доштам ва ӯ низ ба ман тасдиқ намуд, ки натиҷаҳои ҳақиқӣ тамоман дигаранд, вале дар торнамои Шӯро натиҷаҳои дигар дарҷ ёфтаанд», – мегӯяд Назири Нусрат.

Аммо раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода ба ОИ «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала изҳори тааҷҷуб намуда, таъкид дошт, ки натиҷаҳои мониторинг хусусияти тавсиявӣ доранд.

«Ин натиҷаи пайгирии якрӯза нест, балки он панҷ моҳ сурат гирифт. Рӯзномаи «ИмрӯзNews» ба сафи нашрияҳои «калаванда» шомил гашт, вале дар ҳамон мониторинг зикр гардидааст, ки «аксари нашрияҳо, аз ҷумла «Имрӯз-News» низ, пас аз эродҳо маҷрои худро тағйир дода, ба риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» пардохтанд ва кормандони ин нашрияҳо ба хубӣ дарк карданд, ки эътироф ва риояи меъёрҳои касбӣ ба фоидаи худи онҳост»», – гуфт ӯ.

Қ.Шарифзода ҳамчунин илова намуд, ки мушаххасан аз чӣ ранҷидани ҳайати кормандони рӯзномаи «Имрӯз-News»-ро намедонад, вале натиҷаҳои мониторинги Шӯрои ВАО ба гунаи дар номаи раҳбарияти газета зикршуда на он қадр маъюскунандаанд.

Дар ҳамин ҳол, зимни шиносоӣ бо натиҷаҳои мониторингҳои қаблии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон метавон мушоҳида намуд, ки дар мониторинги давраи 15-уми июл – 13-уми августи соли 2013  зикр мегардад, ки дар газетаи «Имрӯз-News» (№124 (663), ҷумъа, 18-уми июли соли 2013) талаботи чанде аз бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» риоя нашудаанд. Аммо яке аз шумораҳои моҳи октябри рӯзномаро коршиносони Шӯрои ВАО комилан ҷавобгӯ ба меъёрҳои ахлоқии журналистӣ арзёбӣ кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки Шӯрои ВАО

натиҷаҳои мониторинги

панҷмоҳа вобаста ба риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро интишор кард. Пайгирии мазкур 43 нашрияи чопӣ ва 10 нашрияҳои электронӣ (интернетӣ)-ро, ки миёнашон нашрияҳои ҳукуматӣ (давлатӣ), ҷамъиятӣ, ҳизбӣ ва хусусӣ буданд, дар бар гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.