Наворбардории нахустин филми тасвирии формати 3D дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон нахустин филми тасвирӣ (мултфилм) бо формати 3 D наворбардорӣ шуд, ки барои амалисозии ин иқдом ба муаллифони он 60 ҳазор доллари ИМА маблағ лозим шудааст. Дар ин бора дар сюжети лоиҳаи аввали ҷавонон дар Осиёи Марказӣ – Матриса маълумот дода мешавад. Муаллифони сюжет зикр мекунанд, ки барои таҳияи нахустин филми тасвирии 3D дар […]

ASIA-Plus


Дар Тоҷикистон нахустин филми тасвирӣ (мултфилм) бо формати 3 D наворбардорӣ шуд, ки барои амалисозии ин иқдом ба муаллифони он 60 ҳазор доллари ИМА маблағ лозим шудааст. Дар ин бора дар сюжети лоиҳаи аввали ҷавонон дар Осиёи Марказӣ – Матриса маълумот дода мешавад.

Муаллифони сюжет зикр мекунанд, ки барои таҳияи нахустин филми тасвирии 3D дар Тоҷикистон муддати якуним сол ҳамагӣ се нафар заҳмат кашидаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар студияҳои кишварҳои хориҷӣ рӯйи он ҳадди ақал 50 нафар машғули кор буда, муҳлати анҷоми таҳияи он 3-5 сол аст.

«Моҳияти филми тасвирии мазкур дар он ифода меёбад, ки мо метавонем дар фазои сулҳу созиш бо олами ҳайвонот зиндагӣ дошта бошем ва дар ҳамин ҳол, бояд фаромӯш насозем, ки одамон мавҷудияти соҳибидроканд ва бо тарзи дигар низ метавонанд аз истифодаи боигариҳои Замин баҳра бардоранд», – ҳикоят мекунад дар сюжет муаллиф ва продюсер Умед Улуғов.

Қобили зикр аст, ки аллакай аввали моҳи март нахустин филми тасвирии тоҷикӣ бо формати 3D ба тамошобинон пешкаш мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.