СБМ: Сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон 10,8%-ро ташкил медиҳад

Мутобиқи натиҷаҳои гузориши Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ) таҳти унвони «Тамомили ҷаҳонии бекорӣ-2014» (Global Unemployment trends 2014), сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон 10,8%-ро ташкил додааст. Соли 2012 ин нишондиҳанда ба 11% баробар буд. Дар гузориш гуфта мешавад, соли 2018 сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон то 10,4% коҳиш меёбад. «Сатҳи бекорӣ дар кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ (давлатҳое, […]

ASIA-Plus


Мутобиқи натиҷаҳои гузориши Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ) таҳти унвони «Тамомили ҷаҳонии бекорӣ-2014» (Global Unemployment trends 2014), сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон 10,8%-ро ташкил додааст. Соли 2012 ин нишондиҳанда ба 11% баробар буд.

Дар гузориш гуфта мешавад, соли 2018 сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон то 10,4% коҳиш меёбад. «Сатҳи бекорӣ дар кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ (давлатҳое, ки ба Иттиҳоди Аврупо шомил нестанд) ва ҳамчунин кишварҳои ИДМ, ки соли 2009 ба авҷи аълояш расида буд, соли 2013 тадриҷан рӯ ба коҳиш овард», – қайд мекунанд муаллифони гузориш.

Бино ба маълумоти гузориш, миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ соли 2013 сатҳи бекорӣ Арманистон – 18,64; Гурҷистон – 14,3; Ӯзбекистон – 10,8; Туркманистон – 10,7; Украина – 7,9; Қирғизистон – 7,9; Белорус – 5,9; Русия – 5,8 ва Озарбойҷон – 5,5%-ро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, сатҳи бекорӣ дар Эрон дар соли гузашта ба 13,2 ва Туркия ба 9,9% баробар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли Тоҷикистон, соли гузашта дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ қариб 205 ҳазору 333 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудаанд, ки дар муқоиса бо соли гузашта ду баробар зиёдтар буда, 37 ҳазору 903 нафар тоҷикистониён бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд.

Соли 2013 ба мақомоти шуғли аҳолии ҷумҳурӣ 119 ҳазору 189 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, ки 51 ҳазору 403 нафарашон расман бекор эътироф шудаанд.

Соли 2013 ба бекорон ҷиҳати роҳандозии фаъолияти соҳибкории хусусӣ ба маблағи каме бештар аз 11 млн. 184 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудааст. Дар ҷумҳурӣ соли гузашта 685 ярмакаҳои ҷойҳои холи корӣ гузаронида шуда, 12 ҳазору 142 нафар ба навъҳои гуногуни шуғл ҷалб карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.