Директори телевизиони «Пойтахт» аз кор меравад

Директори шабакаи телевизиони «Пойтахт» Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба истеъфо меравад. Сабаби аз кор рафтанашро ӯ чунин шарҳ дод, ки консепсияи дар нақша доштаашро амалӣ карда натавонистааст. «Ман мехостам, ки шабакаи телевизион муосир ва рушдёфта бошад, вале ин нақшаамро амалӣ карда натавонистам. Мақомоти шаҳрдорӣ, ки корфармои ман аст, моил ба он буд, ки дар шабака танҳо масоили […]

Меҳрангез Турсунзода


Директори шабакаи телевизиони «Пойтахт» Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба истеъфо меравад.

Сабаби аз кор рафтанашро ӯ чунин шарҳ дод, ки консепсияи дар нақша доштаашро амалӣ карда натавонистааст.

«Ман мехостам, ки шабакаи телевизион муосир ва рушдёфта бошад, вале ин нақшаамро амалӣ карда натавонистам. Мақомоти шаҳрдорӣ, ки корфармои ман аст, моил ба он буд, ки дар шабака танҳо масоили марбут ба ҳаёти пойтахт инъикос гардида, ба мушкилоти дигар дахолат карда нашавад», – гуфт А.Абдуқаҳҳор.

Дар бораи ба истеъфо рафтанаш аз вазифа ӯ дирӯз, 27-уми январ ба раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев муроҷиат намудааст.

Шабакаи телевизионии «Пойтахт» аз соли 1996 фаъолият дошта, бо фармони раиси шаҳри Душанбе соли 2006 давлатӣ шуд. Моҳи октябри соли 2012 Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар озмуни эълонкардаи мақомоти шахрдории пойтахт ғолиб омада, роҳбарии шабакаро ба уҳда гирифт. То сари ин вазифа омадан, ӯ ба ҳайси директори радиои давлатии «Тоҷикистон» фаъолият дошт.

Айни замон Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба кори дигар гузаштанист, вале алҳол ҷойи кори навро интихоб накардааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.