Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархҳо ба маҳсулоти ғизойӣ боло нарафтаанд

Дар хадамоти зиддиинҳисории шаҳри Душанбе изҳор намуданд, ки нархҳо ба маҳсулоти ғизойӣ дар бозорҳои Душанбе боло нарафта, баръакс ба баъзе аз навъҳои он поин рафтаанд. Сармутахассиси хадамоти зиддиинҳисории пойтахт Тоҳир Ашӯров дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар 4 бозори асосии шаҳр – «Шоҳмансур», «Саховат», «Қарияи Боло» ва «Деҳқон» рейди нақшавӣ […]

ASIA-Plus


Дар хадамоти зиддиинҳисории шаҳри Душанбе изҳор намуданд, ки нархҳо ба маҳсулоти ғизойӣ дар бозорҳои Душанбе боло нарафта, баръакс ба баъзе аз навъҳои он поин рафтаанд.

Сармутахассиси хадамоти зиддиинҳисории пойтахт Тоҳир Ашӯров дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар 4 бозори асосии шаҳр – «Шоҳмансур», «Саховат», «Қарияи Боло» ва «Деҳқон» рейди нақшавӣ гузаронида шуда, маълум шуд, ки нархҳо ба маҳсулот зиёд нашудаанд.

«Дар ҷараёни рейд ошкор гардид, ки дар бозори «Деҳқон» маҳсулоти ғизойӣ аз ҳама арзонтар буда, ин бозори фурӯши яклухт ва дар он тақсимоти маҳсулот ба дигар бозорҳои шаҳр сурат мегирад», – шарҳ дод мутахассис.

Номбурда таъкид дошт, ки мутобиқи қонун «Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ», мақомоти давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ки ба сиёсати нархгузории соҳибкорон дахолат кунанд. «Аз ин рӯ, фурӯшандагон худсарона нархи маҳсулотро боло бурда, боздошти бор дар марз бо Қирғизистонро баҳона меоранд ва ин ҳам дар ҳолест, ки тамоми маҳсулоти воридотӣ ба ҷумҳурӣ тавассути марзи Ӯзбекистон, вилояти Суғд ва ноҳияи Панҷ оварда мешаванд», – афзуд Ашӯров.

Аз рӯи натоиҷаҳои рейд нархҳои миёна ба маҳсулоти ғизойӣ дар бозорҳои пойтахт муайян карда шуд, ки чунин аст: орд (1 кг) – 2,65; маснӯоти макаронӣ (1 кг) – 4,67; шир (1 литр) – 4; биринҷ (1 кг) – 8,45; картошка (1 кг) – 2,27; пиёз (1 кг) – 1,19; сабзӣ (1 кг) – 1,34; карам (1 кг) – 1,82; гӯшти гов (1 кг) – 31,88; гӯшти гӯсфанд (1 кг) – 33,5; равғани растанӣ (1 литр) – 7,4; тухм (10 дона) – 7,24 ва шакар (1 кг) – 4,67 сомонӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.