Кӯмаки Донишгоҳи Қӯрғонтеппа ба донишҷӯёни ниёзманд

Раёсати Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа ба 17 нафар донишҷӯёни ятим ноутбук ва модем барои пайвастшавӣ ба шабакаи интернет туҳфа кард. Маҳмад Шодиев, ректори донишгоҳи номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ин иқдом ба хотири дастгирии донишҷӯёни ятим роҳандозӣ шуд. «Фикр мекунам, ин компютер ва модеме, ки мо ба […]

Сайраҳмон Назриев


Раёсати Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа ба 17 нафар донишҷӯёни ятим ноутбук ва модем барои пайвастшавӣ ба шабакаи интернет туҳфа кард.

Маҳмад Шодиев, ректори донишгоҳи номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ин иқдом ба хотири дастгирии донишҷӯёни ятим роҳандозӣ шуд. «Фикр мекунам, ин компютер ва модеме, ки мо ба онҳо туҳфа намудем, барои сайқал додани донишашон кумак хоҳад расонд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин ба 408 нафар донишҷӯён, ки аз яке аз волидайнашон маҳрум шудаанд, дар ҳаҷми 300 сомонӣ кумаки якдафъаинаи молӣ расонида шуд. «Ғайр аз ин, ба 27 нафар донишҷӯёни маъюб низ кумаки якдафъаинаи молӣ расонида шуд»,- илова кард ректор.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.