– Таъиноти Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) бо ҳадафҳои гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба аз байн бурдани қашшоқӣ ва боло бардоштани сатҳи зиндагӣ мувофиқ аст, – изҳор намуд ноиби президенти БҶ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Лора Так.
«Гурӯҳи БҶ лоиҳаи CASA-1000-ро ҳамчун иқдоми муҳим дар бунёди низоми пурсамари таъмини тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бо нерӯи барқ арзёбӣ мекунад», – баён мегардад дар посухи ноиби президенти БҶ ба муроҷиати вазири иқтисоди Ӯзбекистон Галина Саидова, ки дар он вазир муқобили амалисозии лоиҳаи CASA-100 ибрози андеша намудааст. Посух ба вазири иқтисоди Ӯзбекистон дар сомонаи расмии Бонки ҷаҳонӣ интишор шудааст.
Лора Так зикр мекунад, ки зимни баррасӣ ва таҳияи лоиҳаи CASA-1000 Бонк кӯшиш ба харҷ дод, ки ҷараёни он барои ҳама кушодаву шаффоф бошад. Ӯ ба вазири ӯзбек итминон медиҳад, ки дар лоиҳаи CASA-1000 содироти нерӯи барқи зиёдатӣ аз нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистону Қирғизистон дар мавсими тобистон «бидуни назардошти иқтидорҳои нави бунёдшаванда» пешбинӣ гардида, ҳаҷми нерӯи барқи зарурӣ аз ҳисоби таъмиру таҷдиди иқтидорҳои мавҷуда дар ин кишварҳо ва ҳамчунин коҳиши талафоти барқ ба даст оварда мешавад.
Ёдрас мекунем, ки Ӯзбекистон маротибаи чандум аст, ки муқобили амалисозии лоиҳаи CASA-1000 садо баланд намуда, изҳор мекунад, ки ин лоиҳа «ба меъёрҳои байнулмилалӣ мухолифат дорад».
Баҳори соли 2011 сафорати Ӯзбекистон дар Исломобод ба ҳукуматдорони Покистон муроҷиат намуда, дархост кард, ки онҳо аз лоиҳа даст кашанд. Он замон дар номаи намояндагии дипломатии Ӯзбекистон зикр гардида буд, ки натанҳо Ӯзбекистон, балки Қазоқистону Туркманистон ҳам мухолифи ин лоиҳаанд, «зеро Тоҷикистон бобати таъсири сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба муҳити зист ба онҳо ҳисобот пешниҳод накардааст.
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон ва сармоягузори асосии лоиҳа – Бонки ҷаҳонӣ аллакай чандин маротиба дар робита ба ин масъала изҳор намуданд, ки хатти интиқоли барқи ояндаи минтақавӣ барои таҳвили барқ аз нерӯгоҳи Роғун пешбинӣ нашуда, роҳандозии интиқоли он аз иқтидорҳои мавҷуда ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар доираи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.
Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 1 млрд. доллари ИМА арзёбӣ шуда, масофаи хатҳои интиқоли барқ тибқи лоиҳа 750 километрро ташкил медиҳад. Аз оғози бевоситаи амалисозии лоиҳаи мазкур 1-уми июли соли равон интизорӣ меравад.







