ВКД: Мусодираи беш аз 40 кило маводи мухаддир тайи 2 рӯз

Дар ҷараёни амалиёти кормандони мақомоти милисаи ҷумҳурӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз як қатор кӯшишҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир пешгирӣ шуда, дар натиҷа 1 шаҳрванди Афғонистону 3 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт ва беш аз 40 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи […]



Дар ҷараёни амалиёти кормандони мақомоти милисаи ҷумҳурӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз як қатор кӯшишҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир пешгирӣ шуда, дар натиҷа 1 шаҳрванди Афғонистону 3 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт ва беш аз 40 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод шаҳрванди Афғонистон Комилхон валади Ҳоҷивакил дастгир карда шудааст, ки аз борхалтаи ӯ 35 кило маводи нашъадори «афюн» ва 4 килою 540 грамм «бангдона» мусодира гардид.

«Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21010» мутааалиқ ба сокини ноҳияи Рӯдакӣ Шаҳром Шералии 22-сола 1 килою 140 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шуд. Дар вақти санҷиши иловагӣ муайян карда шуд, ки маводи мазкур ба шаҳрванд Шӯҳрати,Каримови 24-сола, сокини ноҳияи Ҳисор тааллуқ дорад», – зикр мегардад дар хабари сомона.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ҳудуди вилояти Суғд сокини шаҳри Хуҷанд Нурулло Сафарови 41-сола бо 303 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» дастгир карда шудааст. «Вазни умумии маводҳои мусодирашуда дар тайи ин ду рӯз 40 килою 983 граммро ташкил медиҳад», – омадааст дар иттилоъ.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.