Барқияи тасаллияти Э.Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амали террористӣ дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кунмин, ки дар натиҷаи он теъдоди зиёди одамон ҳалоку маҷрӯҳ шуданд, ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи тасаллияти сарвари давлати Тоҷикистон зикр мегардад, ки «ин фоҷеа бори […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амали террористӣ дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кунмин, ки дар натиҷаи он теъдоди зиёди одамон ҳалоку маҷрӯҳ шуданд, ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи тасаллияти сарвари давлати Тоҷикистон зикр мегардад, ки «ин фоҷеа бори дигар собит месозад, ки муборизаи беамон бо ин зуҳуроти манфур – терроризм имрӯз вазифаи муҳимтарин ва муштараки кулли инсоният гаштааст».

«Мо дар Тоҷикистон омодаем, ки дар ҳамдастӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаи ҷидду ҷаҳдро ба харҷ диҳем, то ин балоро решакан намоем», – баён мегардад дар барқия.

Дар фарҷоми барқия Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Чин ва наздикону хешовандони қурбоншудагон ҳамдардии самимона ва амиқ изҳор мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.