Баррасии лоиҳаи Кодекси экологии Тоҷикистон дар парлумон

Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба вазъияти экологии кишвар, аз ҷумла «Тавзеҳот ба лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумон, бо мақсади ҷалби ҷомеа дар раванди қабули қарор оид ба қонунгузорӣ дар […]

ASIA-Plus



Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба вазъияти экологии кишвар, аз ҷумла «Тавзеҳот ба лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумон, бо мақсади ҷалби ҷомеа дар раванди қабули қарор оид ба қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо дастгирии дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳрҳои бузурги кишвар муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи Кодекси экологӣ гузаронида шуд.

«Имрӯз андешаву эродҳои мутахассисони ватанӣ ва коршиносони бахши экология оид ба лоиҳаи кодекс шунида шуданд, ки минбаъд зимни баррасии он дар парлумон ба инобат гирифта мешаванд», – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, дар лоиҳаи Кодекси экологӣ дақиқан таъкид мешавад, ки сарфи назар аз шакли моликият, ҳукумати  кишвар корхонаҳои истеҳсолиеро, ки маҳсулоти тоза экологӣ истеҳсол мекунанд, дастгирӣ мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.