Дороиҳои Фонди бимаи пасандозҳои шахсони воқеӣ – 126 млн. сомонӣ

Дороиҳои Фонди бима (суғурта)-и пасандозҳои шахсони воқеии Тоҷикистон айни замон 126 млн. сомониро ташкил медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми пасандозҳои бимашудаи шахсони воқеӣ дар Фонд ба 2 млрд. 686,9 млн. сомонӣ баробар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Фонди мазкур хабар доданд, дар оғози фаъолият соли 2011 дороиҳои Фонд 24 ҳазору 256 сомониро ташкил дода […]

Заррина Эргашева



Дороиҳои Фонди бима (суғурта)-и пасандозҳои шахсони воқеии Тоҷикистон айни замон 126 млн. сомониро ташкил медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми пасандозҳои бимашудаи шахсони воқеӣ дар Фонд ба 2 млрд. 686,9 млн. сомонӣ баробар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Фонди мазкур хабар доданд, дар оғози фаъолият соли 2011 дороиҳои Фонд 24 ҳазору 256 сомониро ташкил дода буданд. «Дороиҳои Фонд аз ҳисоби ташкилотҳои қарздиҳии дар рӯйхати мо шомилбуда ташаккул меёбанд. Ҳар семоҳа ташкилоти қарздиҳӣ бояд пардохтҳои бебеозгашти тақвимӣ дар ҳаҷми 0,5% аз бақияи миёнаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар ин ташкилотро анҷом диҳад», – шарҳ доданд дар Фонд.

Қобили зикр аст, ки на ҳамаи маблағи гузошташуда бима мешавад. «Масалан, агар шахс ба ин ё он муассисаи молиявии кишвар дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ маблағ гузошта бошаду агар ин муассиса муфлис шавад, дар ин ҳолат Фонд ба саҳмгузор танҳо 7 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт мекунад, зеро маҳз ҳамин маблағ ҳаҷми пасандозҳои бимашуда мебошад», – гуфтанд дар Фонд.

Бино ба маълумоти оморӣ, маълумоти бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарздиҳии шомил ба рӯйхати Фонд, ҳиссаи саҳмгузороне, ки то 7 ҳазор сомонӣ пасандоз доранд, ба 85% аз ҳаҷми умумии пасандозҳо баробар аст ва ин шахсон ба бозпас гирифтани ҳамаи пасандозҳояшон дар ҳаҷми пурра ҳуқуқ доранд.

Имрӯз ба феҳристи ташкилотҳои қарздиҳии низоми бимаи пасандозҳои шахсони воқеӣ 49 ташкилоти қарздиҳии Тоҷикистон, аз ҷумла 12 бонк ва 36 ташкилоти хурди қарздиҳӣ шомиланд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.