Дастгирии роҳандозии низоми патентӣ барои муҳоҷирон дар Русия

Кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратии назди Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Маскав ширкат варзиданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти намояндагӣ, дар ҷаласа масоили марбут ба вазъи муҳоҷират, кори шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳр ва вилояти Маскав ва ҳолати бозори меҳнат барррасӣ шуданд. Бино ба маълумоти Раёсати […]

ASIA-Plus



Кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратии назди Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Маскав ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти намояндагӣ, дар ҷаласа масоили марбут ба вазъи муҳоҷират, кори шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳр ва вилояти Маскав ва ҳолати бозори меҳнат барррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти Раёсати ХФМ Русия дар шаҳри Маскав, соли гузашта танҳо дар шаҳри Маскав ба шаҳрвандони хориҷӣ беш аз 292 ҳазор патент дода шудааст, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 45% зиёдтар аст.

Намояндагони мақомоти муҳоҷирати Маскав зикр карданд, ки агар дар тамоми давраи соли 2013 нисбати беш аз 80 ҳазор нафар шаҳрвандон хориҷӣ асноди манъи вуруд пешниҳод шуда бошад, пас дар зарфи се моҳи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда аллакай ба зиёда аз 40 ҳазор нафар расидааст, ки ин ба пурзӯр шудани қонунгузории муҳоҷират тайи солҳои ахир вобаста аст.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои марбут ба ҷараёни гузариш ба низоми патентӣ, ки ба шаҳрванди хориҷӣ барои фаъолияти корӣ дар назди шахси ҳуқуқӣ низ имконият медиҳад, низ баррасӣ шуданд.

«Намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо дастгирӣ аз ин иқдом зикр карданд, ки гузариш ба низоми патентӣ ҷараёни ба расмият дароврадани ҳуҷҷатҳо барои фаъолиятро метавонад хеле беҳтар намуда, дар баробари ин ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидат намояд», – гуфта мешавад дар хабар.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.