Дар Тоҷикистон роҳҳои таъсиси танзимгари мустақили алоқаро баррасӣ мекунанд

Имрӯз дар Душанбе чорабиниҳо бахшида ба уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) дар бахши телекоммуникатсия оғоз шуданд. Чорабиниҳи мазкур аз ҷониби Фонди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет (ТШСИ) дар ҳамдастӣ бо Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Директори Фонди ҷамъиятии ТШСИ Парвина Ибодова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ […]

Пайрав Чоршанбиев



Имрӯз дар Душанбе чорабиниҳо бахшида ба уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) дар бахши телекоммуникатсия оғоз шуданд.

Чорабиниҳи мазкур аз ҷониби Фонди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет (ТШСИ) дар ҳамдастӣ бо Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

Директори Фонди ҷамъиятии ТШСИ Парвина Ибодова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки муддати се рӯз дар доираи ин чорабиниҳо бо мақсади беҳбуди сатҳи огаҳии ҷомеа оид ба уҳдадориҳои Тоҷикистон назди СҶТ дар бахши телекоммуникатсия мизҳои гирд ва тренингҳо баргузор мегарданд.

Дар ин чорабиниҳо намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти мамлакат, вазорату идораҳои дахлдори кишвар, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон ширкат меварзанд.

Ба гуфтаи Ибодова, чорабиниҳои мазкур идомаи мантиқии конфронс таҳти унвони «Хизматгузориҳои телекоммуникатсионӣ, пахш ва уҳдадориҳои Тоҷикистон пас аз узвият ба СҶТ» мебошанд, ки рӯзҳои 18-19-уми март дар Душанбе доир гардида буданд.

«Мо аз Арманистону Молдова, кишварҳои узви СҶТ, ки аллакай роҳи таъсиси танзимгари мустақили алоқаро дар кишварҳои худашон паси сар кардаанд, даъват намудем ва ҳарчанд бо тарзу василаҳои гуногун бошад ҳам, онҳо ба ин ҳадаф ноил гардиданд ва мо хоҳони онем, ки онҳо бо мо аз ин таҷрибаашон табодули афкор намоянд», – иброз дошт номбурда.

Ӯ шарҳ дод, ки сухан сари он намеравад, ки аллакай имрӯз мебояд чунин танзимгарро таъсис дод. «Нахуст моро лозим аст, ки маълумоти хеле зиёдеро ҷамъоварӣ карда, ба ҷомеа зарурати мавҷуд будани танзимгари мустақил дар кишвари моро бифаҳмонем», – афзуд директори Фонди ҷамъиятии ТШСИ.

Ёдрас мекунем, ки ташкилотҳои мустақили телекоммуникатсионӣ мавҷуд набудани танзимгари мустақили алоқа дар ҷумҳуриро мушкилоти асосии ин соҳа арзёбӣ мекунанд.

«Танзимгари мавҷудаи бахши алоқа (Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ) ҳамзамон фаъолияти яке аз ширкатҳо (ҶСК «Тоҷиктелеком»)-ро идора мекунад, ки ба дахолат дар муносибатҳои бозорӣ боис мегардад ва дигар мушкилоти соҳаи телекоммуникатсионӣ маҳз дар заминаи ҳамин мушкилот ба вуҷуд меоянд», – изҳор дошта буд қаблан ба «Азия-Плюс» раиси Ассотсиатсияи ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон Асомиддин Асоев.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.