Оғози фаъолияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» пас аз таваққуф

Баъди аз фаъолият бозмондани нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» дар моҳи январи соли ҷорӣ бинобар сабаби қарзи ШСХК «Барқи тоҷик», нерӯгоҳ дубора ба фаъолият оғоз намуд. Он замон ҳаҷми қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар назди нерӯгоҳ 133 млн. сомонӣ (27,8 млн. $)-ро ташкил дода буд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз аввали соли 2013 қарзи ширкат […]

Заррина Эргашева



Баъди аз фаъолият бозмондани нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» дар моҳи январи соли ҷорӣ бинобар сабаби қарзи ШСХК «Барқи тоҷик», нерӯгоҳ дубора ба фаъолият оғоз намуд. Он замон ҳаҷми қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар назди нерӯгоҳ 133 млн. сомонӣ (27,8 млн. $)-ро ташкил дода буд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз аввали соли 2013 қарзи ширкат ба нерӯгоҳ ҳамагӣ ба ҳудуди 12 млн. доллари ИМА баробар буд.

Ба «Азия-Плюс» муяссар нашуд, ки аз пардохт шудан ё нашудани қарз маълумот ба даст орад, зеро хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» барои шарҳ дастнорас буд.

Аз Вазорати энергетика ва захираҳои ои ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ва агрегати ягонаи он бо иқтидори 110 мегаватт имрӯз кор карда, нерӯи барқ истеҳсол мекунад. «Дар бораи мавриди истифода қарор гирифтани агрегати дуюми нерӯгоҳ алҳол чизе гуфта наметавонем, зеро дар он корҳо идома доранд», – гуфтанд дар вазорат.

Саид Асғарӣ, намояндаи ширкати эронии «Сангоб» дар Тоҷикистон, ки ширкати идоракунандаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дар Тоҷикистон аст, ба «Азия-Плюс» аз шарҳи масъалаи пардохт шудан ё нашудани қарз худдорӣ варзида, лекин тасдиқ намуд, ки иншоот кор мекунад.

«Навбати дуюми нерӯгоҳ ояндаи наздик ба истифода дода мешавад ва дар бораи санаи мушаххаси ба истифода додани он шумо метавонед ба Вазорати энергетика муроҷиат намоед, ман дар ин хусус чизе гуфта наметавонам», – афзуд номбурда.

Сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» 20-уми феврали соли 2006 расман оғоз гардид. Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 лоиҳаи муштараки Эрону Тоҷикистон буда, ҳиссаи Тоҷикистон дар он 40 млн. $ ва ҳиссаи Эрон 180 млн. $-ро ташкил медиҳад. Ширкати эронии «Сангоб» паймонкори кулли сохтмони ин нерӯгоҳ мебошад.

Майдони сохтмони нерӯгоҳи барқии Сангтӯда-2 дар 120 километрии ҷанубу шарқи Душанбе воқеъ аст. Даромади 12,5 соли аввали кори он ба ихтиёри Эрон вогузор хоҳад шуд. Пас аз ин нерӯгоҳ пурра ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад. Нерӯгоҳ аз ду агрегат иборат аст, ки иқтидори ҳар кадоме ба 110 МВт баробар аст. Бо фаъол шудани агрегати дуюми нерӯгоҳ иқтидори он 220 МВт-ро ташкил хоҳад дод. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.