Кумитаи андоз қарзҳои беэътимод аз андозу ҷарима ва фоизҳоро бекор мекунад

Моҳи марти соли 2014 ҳукумати Тоҷикистон қарори нав «Дар бораи тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо»-ро қабул карда, мутаносибан қарори пешина аз соли 2005 ҳукми қонуниашро гум кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ, тибқи қарори мазкур, бақияпулиҳои андози андозсупорандагон, ки то 1-уми январи соли […]

ASIA-Plus



Моҳи марти соли 2014 ҳукумати Тоҷикистон қарори нав «Дар бораи тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо»-ро қабул карда, мутаносибан қарори пешина аз соли 2005 ҳукми қонуниашро гум кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ, тибқи қарори мазкур, бақияпулиҳои андози андозсупорандагон, ки то 1-уми январи соли 2009 ба вуҷуд омада, то ҳол пардохт нагардидаанд ва ҷаримаю фоизҳое, ки барои саривақт напардохтани ин андозҳо то лаҳзаи аз эътибор соқит намудан ҳисоб карда шудаанд, беэътимод дониста шуда, аз эътибор соқит карда мешаванд.

Ҳамчунин Кумитаи андоз вазифадор карда шудааст, ки дар муҳлати 3 моҳ аз рӯзи қабули қарори мазкур оиди муайян намудани бақияпулиҳои андози андозсупорандагон, ки ба муқаррароти дар боло зикргардида мувофиқ мебошанд, чораҷӯӣ намояд.

«То аввали моҳи июн мо бояд қарзҳои корхонаву ташкилотҳо оид ба андозҳои умумидавлатӣ, фоизҳо ва ҷаримаҳо аз рӯи онро омӯхта, тартиби аз эътибор соқит кардани онҳоро муайян ва онро ба ҳукумат пешниҳод кунем», – гуфтанд дар ин робита дар Кумитаи андоз.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ