Президенти Туркманистон аввали моҳи май ба Душанбе меояд

Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов рӯзҳои 5-6-уми май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, зимни мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбангули Бердимуҳаммедов ба масоили амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон, таъмини амният дар минтақа, таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду нақлиёт, коммуникатсияву […]

Аваз Юлдошев



Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов рӯзҳои 5-6-уми май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, зимни мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбангули Бердимуҳаммедов ба масоили амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон, таъмини амният дар минтақа, таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду нақлиёт, коммуникатсияву кишоварзӣ ва фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии президенти Турманистон ба Тоҷикистон як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо мерасанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.