Таъмини «ТВ-Хатлон» бо таҷҳизоти нав ба муносибати 20-солагӣ

Дар маҷлиси ботантана бахшида ба 20-солагии таъсиси шабакаи телевизионии вилояти Хатлон – «ТВ-Хатлон» раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон Асадулло Раҳмон ба Раёсати вилоятии ин идора истгоҳи техникии саҳроӣ (ПТС) тақдим кард. Ӯ зикр кард, ки таҷҳизоти мазкур ба инъикоси чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ имконоти бештар фароҳам месозад. «Қаблан барои наворбардорӣ дар вилояти Хатлон […]

Сайраҳмон Назриев



Дар маҷлиси ботантана бахшида ба 20-солагии таъсиси шабакаи телевизионии вилояти Хатлон – «ТВ-Хатлон» раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон Асадулло Раҳмон ба Раёсати вилоятии ин идора истгоҳи техникии саҳроӣ (ПТС) тақдим кард.

Ӯ зикр кард, ки таҷҳизоти мазкур ба инъикоси чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ имконоти бештар фароҳам месозад. «Қаблан барои наворбардорӣ дар вилояти Хатлон мо аз Шабакаи аввал истгоҳи техникии саҳроӣ меовардем», – гуфт А.Раҳмон.

Ғайр аз ин, ӯ ба шабакаи радиои вилоят 10 адад диктофонҳои рақамӣ тақдим намуда, ваъда дод, ки ояндаи наздик маркази техникии телевизионро бо компютери махсус таъмин мекунад.

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ҳамчунин изҳор кард, ки давоми як моҳ барои ташкили ансамбли эҷодии мусиқӣ дар назди Раёсати Кумита асбобу лавозимоти заруриро дастрас мекунад.

Раиси вилояти Хатлон зимни суханронии табрикотии худ зикр кард, ки «ТВ-Хатлон» замоне таъсис дода шуд, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошта, ҷомеаро ҳисси ноумедӣ ба оянда фаро гирифта буд, вале ҳайати кормандони телевизион сарбаландона аз иҷрои вазифаҳояшон баромаданд.

«Имрӯз «ТВ-Хатлон» 6 соат дар як шабонарӯз барномаҳо намоиш медиҳад, ки моро қонеъ намесозад. Умедворам, ки Асадулло Раҳмон ба рушди телевизиони мо кумак мекунад. Имрӯз ман дар бораи ҷудо кардани як маблағи муайян барои харидории таҷҳизоти техникӣ барои телевизиони вилоят қарор ба имзо расонидам ва умед дорам, ки ин иқдом ва кумаки имрӯзаи А.Раҳмон ба рушди «ТВ-Хатлон» ва инъикоси воқеиву фаврии дастовардҳову мушкилоти вилоят дар он мусоидат мекунад», – гуфт Гулмаҳмадов.

«ТВ-Хатлон» дар заминаи радиои вилояти Хатлон пас аз анҷоми иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, соли 1993 ҳангоми муттаҳид сохтани ду вилоят – Қӯрғонтеппаву Кӯлоб таъсис дода шуд. Барномаи нахустини «ТВ-Хатлон» санаи 25-уми августи соли 1994 пахш гардид. Он замон барномаҳои «ТВ-Хатлон» тариқи Телевизиони Тоҷикистон намоиш дода мешуд. Аз моҳи июни соли 2008 «ТВ-Хатлон» дар шабакаи мустақили худ дар як шабонарӯз 6 соат барнома намоиш медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.