Тартиби даъват ва хизмат дар артиш тағйир меёбад?

Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва муовини аввали ӯ Саидумар Ҳусайнӣ, вакилони палатаи поёнии парлумон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ лоиҳаи тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро пешниҳод карданд. Ба андешаи онҳо, ин тағийрот ба куллан тағйир додани тартиби даъват ва хизмат дар атриши миллӣ имкон фароҳам […]

Аваз Юлдошев



Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва муовини аввали ӯ Саидумар Ҳусайнӣ, вакилони палатаи поёнии парлумон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ лоиҳаи тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро пешниҳод карданд.

Ба андешаи онҳо, ин тағийрот ба куллан тағйир додани тартиби даъват ва хизмат дар атриши миллӣ имкон фароҳам сохта, ба падидаҳои манфие чун маҷбуран ба хизмат ҷалб кардан (облава) ва порадиҳӣ дар ин самт садд хоҳанд гузошт.

Саидумар Ҳусайнӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор кард, ки тағийроти пешниҳодшуда ба беҳбуди ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ низ мусоидат намуда, барои бунёди артиши касбии Тоҷикистон замина фароҳам меоваранд.

«Мо пешниҳод кардем, ки ба сарбозони хизмати ҳатмии ҳарбӣ музди меҳнат таъин карда шавад, ки ҳаҷмаш аз музди миёнаи меҳнат дар кишвар набояд камтар бошад, – гуфт ӯ.

Ба қавли Ҳусайнӣ, ҳаҷми пардохтпулиҳои ҷавононеро, ки ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хоҳиш надоранд, бояд ҳукумат муқаррар намояд ва ин маблағҳо барои таъини музди меҳнат ба сарбозон истифода шуда метавонанд.

«Ғайр аз ин, мо пешниҳод дорем, ки фонди махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба дастгирии артиши миллӣ таъсис дода шавад, ки ба он пардохтпулиҳои дар боло зикршуда ва маблағҳои хайрияву ихтиёрӣ ҷамъоварӣ карда мешаванд», – зикр кард вакил.

Номбурда ҳамчунин гуфт, дар яке аз бандҳои тағйирот ба қонуни мазкур пешбинӣ мешавад, ки шахсоне, ки хизмати ҳатмии ҳарбиро адо накардаанд, ба қабул шудан ба кор дар  мансабҳои хизмати давлатии Тоҷикистон ҳуқуқ надоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.