Кумакпулии президент ба собиқадорони ҶБВ дар Хатлон

Имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) кумакпулӣ супурда шуд. Чорабинии мазкур дар ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа доир гардида, намояндаи Дастгоҳи президент Одинашоҳ Вализода ба ҳар кадоме аз 15 нафар собиқадорони ҶБВ дар ҳаҷми 1 ҳазор сомонигӣ кумакпулӣ супурд. Дар навбати худ раиси Шӯрои собиқадорони ҶБВ ва меҳнати шаҳри Қӯрғонтеппа Абдувоҳид Шодиев барои […]

Сайраҳмон Назриев



Имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) кумакпулӣ супурда шуд.

Чорабинии мазкур дар ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа доир гардида, намояндаи Дастгоҳи президент Одинашоҳ Вализода ба ҳар кадоме аз 15 нафар собиқадорони ҶБВ дар ҳаҷми 1 ҳазор сомонигӣ кумакпулӣ супурд.

Дар навбати худ раиси Шӯрои собиқадорони ҶБВ ва меҳнати шаҳри Қӯрғонтеппа Абдувоҳид Шодиев барои таваҷҷуҳи хосса ба онҳо ба президенти кишвар ва ҳукумати ҷумҳурӣ миннатдорӣ изҳор кард. «Дар посух ба ин ғамхорӣ мо тамоми нерӯямонро барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ равона хоҳем кард», – гуфт ӯ.

Муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Солеҳамо Қосимова ба хабарнигори «Азия-Плюс» дар ин робита зикр кард, ки дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи Ғалаба ба иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорон аз ҷониби ҳукумати шаҳр низ кумакпулӣ дода мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.