Мақоми охирини Тоҷикистон дар ИДМ аз рӯйи давомнокии ҳаёт

Давомнокии миёнаи умр дар Тоҷикистон каме бештар аз 67 солро ташкил медиҳад. Мутобиқи маълумоти Китоби умумиҷаҳонии далелҳои Раёсати марказии иктишофии ИМА (The World Factbook CIA), бо ин нишондиҳанда Тоҷикистон зинаи 166-умро ишғол кардааст, ки ҳам миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил охирин аст. Ҳамин тариқ, мақоми кишварҳои дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чунин […]

Меҳрангез Турсунзода



Давомнокии миёнаи умр дар Тоҷикистон каме бештар аз 67 солро ташкил медиҳад.

Мутобиқи маълумоти Китоби умумиҷаҳонии далелҳои Раёсати марказии иктишофии ИМА (The World Factbook CIA), бо ин нишондиҳанда Тоҷикистон зинаи 166-умро ишғол кардааст, ки ҳам миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил охирин аст.

Ҳамин тариқ, мақоми кишварҳои дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чунин аст: Арманистон – ҷойи 166-ум (давомнокии миёнаи умр 74,12 сол); Ӯзбекистон – 125 (73,29 сол); Белорус – 138 (72,15 сол); Озарбойҷон – 141 (70,91 сол); Қазоқистон – 150 (70,24 сол); Русия – 151 (70,16 сол); Молдова – 152 (70,12 сол); Украина – 156 (69,14 сол), Туркманистон – 156 (69,47 сол), Қирғизистон – 153 (70,06 сол) ва Тоҷикистон – 166 (67,06 сол).

Дар рӯйхати кишварҳои зикргардида мақоми аввали насиби Монако шудааст, ки давомнокии миёнаи ҳаёт дар он 89,57 солро ташкил медиҳад. Мақомоти дуюмро Макао ва зинаи сеюмро Ҷопон ишғол карда, даҳгонаи кишварҳои беҳтарин дар ин рӯйхат бо Австралия (82,07 сол) хотима меёбад.

Сегонаи кишуварҳои номусоидтарин барои ҳаёт аз Гвинеа-Бисау, Африқои Ҷанубӣ ва Чад иборат аст, ки давомнокии миёнаи умр дар онҳо ба 49-50 сол баробар аст

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.