Сафорати ИМА ба ду намояндаи ҲНИТ раводид надод

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон додани раводиди сафар ба ду нафар намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – Илҳомҷон Ёқубов,  раиси бахши вилоятии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар  Суғд ва сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷони Файзраҳмонро рад кардааст. Дар ин бораи ба «Азия-Плюс» Илҳомҷон Ёқубов хабар дод. Ба қавли ӯ, Маркази исломии Амрикои Шимолӣ ҳайати ҲНИТ-ро таҳти […]

Аваз Юлдошев



Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон додани раводиди сафар ба ду нафар намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – Илҳомҷон Ёқубов,  раиси бахши вилоятии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар  Суғд ва сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷони Файзраҳмонро рад кардааст. Дар ин бораи ба «Азия-Плюс» Илҳомҷон Ёқубов хабар дод.

Ба қавли ӯ, Маркази исломии Амрикои Шимолӣ ҳайати ҲНИТ-ро таҳти сарварии раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ барои иштирок дар кори маҷлиси ҳамасолаи худ, ки рӯзҳои 24-26-уми май дар Балтимор доир мегардад, даъват кардааст.

«Бо назардошти дар ин муҳлат бо иҷрои вазифаҳои муҳим банд будани Муҳиддин Кабирӣ, раҳбарияти ҳизб тасмим гирифт, ки моро ба Балтимор фиристад, вале бо сабабҳои номаълум додани раводиди сафар ба моро рад карданд», – афзуд Ёқубов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.