Раҳмону Путин имрӯз дар Маскав вомехӯранд

Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Белорус ва Қирғизистон ба шаҳри Маскав раҳсипор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар сарвари давлати Тоҷикистонро ёвари президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Бино ба иттилои интишоршудаи […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Белорус ва Қирғизистон ба шаҳри Маскав раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар сарвари давлати Тоҷикистонро ёвари президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Бино ба иттилои интишоршудаи Кремл, дар доираи вохӯрии Маскав ҳузури меҳмонон дар тамрин оид ба идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия дар назар аст.

Дар иттилои хадамоти матбуоти президенти Русия зикр мегардад, ки гуфтушунидҳои дуҷонибаи Владимир Путин бо чанде аз сарони кишварҳои дар вохӯрӣ ҳузурдошта пешбинӣ шудааст.

«Дар навбати аввал муносибатҳои дуҷониба бо ин кишварҳо ва масъалаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуда, вале бо итминон метавон гуфт, ки атрофи вазъ дар Украина низ сарони кишварҳо табодули назар хоҳанд кард», – гуфтааст котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.