Дархости раиси пойтахт аз аҳолӣ оид ба назорати баровардани партовҳои маишӣ

Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдории пойтахт доир гардида, дар он бо инобати  оғоз гардидани фасли гармо ва пешгирӣ аз хурӯҷи ҳаргуна бемориҳои сироятӣ вазъи санитарию экологии шаҳр, барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳалллаҳо, ки зери масъулияти раисони ноҳияҳо амалӣ карда мешаванд, мавриди таваҷҷуҳи шаҳрдорӣ қарор гирифт. Бино ба […]

ASIA-Plus



Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдории пойтахт доир гардида, дар он бо инобати  оғоз гардидани фасли гармо ва пешгирӣ аз хурӯҷи ҳаргуна бемориҳои сироятӣ вазъи санитарию экологии шаҳр, барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳалллаҳо, ки зери масъулияти раисони ноҳияҳо амалӣ карда мешаванд, мавриди таваҷҷуҳи шаҳрдорӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ин зимн Маҳмадсаид Убайдуллоев сохторҳои назорати давлатӣ дар ин соҳаро вазифадор намуд, ки ҳолати барориши партовҳои сахти маишӣ дар соатҳои муқарраргардида, коркарди санитарии нақлиёти марбута пас аз партовгоҳи шаҳрӣ ба ҳудуди пойтахт ворид шудан зери назорати доимӣ қарор дода, аз воқеияти ҷойдошта ба Раиси шаҳр иттилоъ манзур созанд.

Барои ташкили назорати ҷамъиятӣ дар беҳдошти вазъи санитарию экологии шаҳр аз сокинони пойтахт низ даъват ба миён овард, ки дар ин ҷода бетарафӣ зоҳир накарда, баҳри баланд бардоштани масъулияти хизматии роҳбарони сохторҳои  зидахли ноҳиявӣ, ҷиҳати иттилоонии масъулин аз хизматрасонии сомонаи

www.mometavonem.tj

истифода намоянд.

Ҳамзамон таваҷҷуҳи масъулин ба ҳолати нигаҳдошту коршоямии каналу селпартоҳои марзгузари шаҳр ва ҷӯйборҳои атрофи роҳҳои автомобилгард ва ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, сабзкории боғу майдонҳо ва канораи роҳҳои нақлиётӣ ҷалб гардида, дастур гашт, ки комиссияи махсуси экологӣ ҳолати нашъунамои дарахтони интиқолии дар минтақаҳои алоҳидаи шаҳр шинонидашударо ба риштаи таҳқиқ кашад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.