Мулоқоти вазири корҳои дохилӣ бо намояндаи СММ

Санаи 7-уми июни соли ҷорӣ вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Алленро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳо оид ба гурезаҳо, шахсони паноҳҷӯянда ва бешаҳрвандиро мавриди баррасӣ қарор дода, […]

ASIA-Plus



Санаи 7-уми июни соли ҷорӣ вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Алленро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳо оид ба гурезаҳо, шахсони паноҳҷӯянда ва бешаҳрвандиро мавриди баррасӣ қарор дода, изҳор намуданд, ки ҳамкориҳоро дар ин самт боз ҳам густариш хоҳанд дод.

Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ қайд намуд, ки «Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамчун мақоми ваколатдор оиди ташкил ва ба танзим даровардани фаъолият дар самти муайян намудани мақоми гуреза чораҳои зарурӣ меандешад. Дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ шӯъбаи алоҳида оид ба масоили гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда ва бешаҳрванд фаъолият менамояд, ки онҳоро ба қайд гирифта, аризаю дархости онҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд». 

Мавриди қайд аст, ки бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи муштарак оид ба ҳалли масъалаҳои гурезаҳо амал менамояд, ки дар он намояндагон аз вазорату идораҳои дахлдор шомил мебошанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба лоиҳаи алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» табодули афкор намуда, қайд карданд, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ дар таҳрири нав коркард шуда, ба Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.