Аз соли нави хониш фаъолияти 5 мадрасаи Суғд барқарор мешавад

Аз соли нави хониш барқарор кардани фаъолият 5 мадраса дар вилояти Суғд, ки муваққатан аз фаъолият бозмонда буданд, пешбинӣ мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» мудири шуъба оид ба корҳои дини ҳукумати вилояти Суғд Абдуҳаким Шарипов хабар дод, фаъолияти ин мадрасаҳо аз моҳи июни соли 2013 бинобар сабаби зарурати аз ҷониби ин муассисаҳо дастрас кардани асноди иҷозатномавӣ […]

Мавлуда Рафиева



Аз соли нави хониш барқарор кардани фаъолият 5 мадраса дар вилояти Суғд, ки муваққатан аз фаъолият бозмонда буданд, пешбинӣ мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» мудири шуъба оид ба корҳои дини ҳукумати вилояти Суғд Абдуҳаким Шарипов хабар дод, фаъолияти ин мадрасаҳо аз моҳи июни соли 2013 бинобар сабаби зарурати аз ҷониби ин муассисаҳо дастрас кардани асноди иҷозатномавӣ аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мутаваққиф шуда буд.

«Гурӯҳи кории махсус таъсис ва айни замон ба таҳияи нақшаи таълимии мадраса ва муайян кардани меъёри таҳсил дар он машғул аст. Мо ният дорем, ки дар қатори фанҳои динӣ ба барномаи таълимӣ омӯзиши касбҳоро ҳам ворид намоем, то ки хатмкардагони мадраса дар баробари фаъолияти динӣ ба ягон кори дигаре ҳам машғул буда, сарчашмаи доимии даромад дошта бошанд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, иҷозатномаи Вазорати маориф ва илм танҳо пас аз муайян кардани меъёрҳои таҳсил дар мадраса дастрас мешавад. «Феълан барои барқарор кардани фаъолияти мадрасаи шаҳри Хуҷанд тамоми ҳуҷчатҳои зарурӣ омода буда, роҳбарони мадрасаҳои дигари вилоят низ ҷиҳати аз соли нав дубора оғоз кардани фаъолияти муассисаҳои таълимиашон чораҷӯӣ мекунанд», – афзуд Шарипов.

Зимнан зикр гардид, ки дар саросари ҷумҳурӣ имрӯз расман 6 мадраса амал мекунад, ки 5-тои он дар қаламрави вилояти Суғд, дар шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд, Конибодому Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.