Беш аз 660 нафар сокинони Хуҷанд донорҳои хун шуданд

Дар ҷараёни марафон ба муносибати Рӯзи донорҳои хун, ки аз 26-уми май то 30-юми июн дар вилояти Суғд мегузарад, беш аз 660 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд донорҳои хун шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» муовини директори филилаи муассисаи давлатии ҷумҳуриявии маркази илмии хун дар вилояти Суғд Анзурат Раҷабова хабар дод, хун барои кумак ба бемороне супурда мешавад, […]

Абдуҳафиз Маъруфов



Дар ҷараёни марафон ба муносибати Рӯзи донорҳои хун, ки аз 26-уми май то 30-юми июн дар вилояти Суғд мегузарад, беш аз 660 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд донорҳои хун шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» муовини директори филилаи муассисаи давлатии ҷумҳуриявии маркази илмии хун дар вилояти Суғд Анзурат Раҷабова хабар дод, хун барои кумак ба бемороне супурда мешавад, ба хунгузаронӣ ниёзманданд. «Ғайр аз ин, чорабинии мазкур барои огаҳии бештари аҳолӣ дар бораи ройгону ихтиёрӣ супурдани хун низ равона шудааст», – иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки кормандони маркази илмии мазкур бо автобуси махсуси барои хунсупорӣ муҷаҳҳаз ба назди корхонаву муассисаҳо меоянд, то ки хуни донорӣ қабул намоянд.

Пас аз супурдани хун ба хабарнигори «Азия-Плюс» барои барқарор шудани организм ва таркибҳои хун қаҳва, бутерброд бо ҳасиб ва ҳамчунин 200 миллилитр афшураи оби олу ва бисквит пешниҳод намуданд.

Анзурат Раҷабова ҳамчунин зикр кард, ки ҳамасола барои баргузор намудани ин чорабинӣ аз буҷети вилоят 132 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

Ҳамасола санаи 14-уми июн дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун таҷлил мегардад. Бо фармони Вазорати тандурустии кишвар ин сана соли панҷум аст, ки ҷашн гирифта мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.