Омодагирии ПСС ба ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Малайзия

Раиси Палатаи савдо ва саноат (ПСС)-и Тоҷикистон Шариф Саид санаи 20-уми июн дар Куала-Лумпур бо мақсади омодагирӣ ба баргузории ҳамоиши тиҷоратии доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Малайзия бо директори генералии Вазорати тиҷорати байнулмилалӣ ва саноати ин кишвар Лонг Пенг Фу дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС Тоҷикистон, дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии […]

ASIA-Plus



Раиси Палатаи савдо ва саноат (ПСС)-и Тоҷикистон Шариф Саид санаи 20-уми июн дар Куала-Лумпур бо мақсади омодагирӣ ба баргузории ҳамоиши тиҷоратии доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Малайзия бо директори генералии Вазорати тиҷорати байнулмилалӣ ва саноати ин кишвар Лонг Пенг Фу дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС Тоҷикистон, дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷонибаи ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкориҳои барои тарафайн судманд миёни соҳибкорон ва тоҷирони кишварҳо ҳавасмандӣ зоҳир гардид.

Раиси ПСС Тоҷикистон Шариф Саид ба ҳамсуҳбати худ дар бораи имконоти тиҷорат ва муҳити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, зикр кард, ки барои тафсилоти бештар ба сармоягузорон СД-диски 9-уми «Роҳнамо барои тиҷорат дар Тоҷикистон» нашр шудааст ва дар он оид ба заминаи қонунгузорӣ, низоми бонкӣ, гумрук, андоз ва имтиёзот маълумоти мушаххас дарҷ ёфтаанд. «Ин ба ҷонибҳо барои мушаххас намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои судманд ва муайян кардани дурнамои минбаъдаи онҳо имкон медиҳад», – гуфт Шариф Саид.

Лонг Пенг Фу дар навбати худ изҳор намудааст, ки барои рушди муносибатҳои дуҷониба Тоҷикистону Малайзия аз имконоти зиёд бархурдоранд ва барои кӯшишу талош ҷиҳати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин самт омодаанд.

Ӯ ба масъалаҳои муносибати истеҳсолкунандагони Тоҷикистон бо Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ, ҳамкории ПСС ҶТ бо бахши хусусӣ, муҳити сармоягузорӣ дар кишвари баландкӯҳ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зикр кард, ки Малайзия дар бахши технологияҳои олӣ имконоти зиёд дорад. «Дар кишвар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ низ дар ҳоли рушд қарор дошта, тоҷирони Малайзия дар лоиҳаҳои зербиноии сохтмон таҷрибаи кофӣ андӯхтаанд», – иброз доштааст номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.