Аз корд захмӣ шудани муҳоҷири тоҷик дар Санкт-Петербург

Мақомоти пулиси ноҳияи Василеостровскии шаҳри Санкт-Петербург оид ба далели ҳамла ба муҳоҷири кории 24-сола аз Тоҷикистон санҷиш мегузаронад. Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Русия, захмишуда субҳи барвақти рӯзи 19-уми июн ба бемористони Мариинск оварда шудааст. Баъди муоина табибон муайян кардаанд, ки ӯ аз қисмати рости шушаш бо хунрезӣ аз корд захмӣ гардааст. Онҳо вазъи […]

ASIA-Plus



Мақомоти пулиси ноҳияи Василеостровскии шаҳри Санкт-Петербург оид ба далели ҳамла ба муҳоҷири кории 24-сола аз Тоҷикистон санҷиш мегузаронад.

Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Русия, захмишуда субҳи барвақти рӯзи 19-уми июн ба бемористони Мариинск оварда шудааст. Баъди муоина табибон муайян кардаанд, ки ӯ аз қисмати рости шушаш бо хунрезӣ аз корд захмӣ гардааст. Онҳо вазъи беморро вазнин арзёбӣ намудаанд.

Тавре худи муҳоҷир ҳикоят кардааст, тақрибан соатҳои 4-и субҳ назди хонаи №37-и кӯчаи Кораблестроителей як шахси номаълум ба ӯ дарафтода, бо корд зарба задааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.