Сафари ҳайати ҳукумати Суғд ба кишвари Олтойи Русия

Ҳайати ҳукумати вилояти Суғд таҳти сарварии раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ пагоҳ озими кишвари Олтойи Русия мешаванд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилоят хабар дод, дар ҷараёни дидору гуфтушунид бо мақомоти раҳбарии кишври Олтой масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи минтақавӣ дар бахши саноату кишоварзӣ ва танзими муштаракаи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. «Дар ҷараёни […]

ASIA-Plus



Ҳайати ҳукумати вилояти Суғд таҳти сарварии раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ пагоҳ озими кишвари Олтойи Русия мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилоят хабар дод, дар ҷараёни дидору гуфтушунид бо мақомоти раҳбарии кишври Олтой масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи минтақавӣ дар бахши саноату кишоварзӣ ва танзими муштаракаи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

«Дар ҷараёни сафар дидору гуфтушунидҳо бо губернатори ин кишвар Александр Карлин, раиси маҷлиси қонунгузории Олтой Иван Лоор, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва диаспораҳои тоҷикон дар назар аст», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои ин сафар миёни ҳукумати кишвари Олтой ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Суғд созишномаҳо дар бораи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо хоҳанд расид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.