Раҳбарияти нави ширкати «Барқи тоҷик» ба кор шурӯъ кард

Ахири ҳафтаи гузашта нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ёвари перзиденти кишвар оид ба сиёсати кадрӣ Абдуҷаббор Азизов ба ҳайати кормандони дастгоҳи марказии ширкати «Барқи тоҷик» роҳбарони тозатаъини ширкатро муаррифӣ намуданд. Котиби матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нахуствазири мамлакат изҳори итминон намудаааст, ки раҳбарияти нави ширкат, ки […]

Аваз Юлдошев



Ахири ҳафтаи гузашта нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ёвари перзиденти кишвар оид ба сиёсати кадрӣ Абдуҷаббор Азизов ба ҳайати кормандони дастгоҳи марказии ширкати «Барқи тоҷик» роҳбарони тозатаъини ширкатро муаррифӣ намуданд.

Котиби матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нахуствазири мамлакат изҳори итминон намудаааст, ки раҳбарияти нави ширкат, ки дар як сол беш аз 20 млрд. кВт/соат нерӯи барқро истеҳсолу тақсим ва ба фурӯш мегузорад, ширкати «Барқи тоҷик»-ро аз буҳрони молӣ раҳо хоҳад кард.

«Роҳбари тозатаъини ширкати «Барқи тоҷик» Раҳматзода Рустам Мирзо, ки қаблан ба ҳайси муовини раиси шаҳри Душанбе, раиси ноҳияҳои Айниву Зафарободи вилояти Суғд фаъолият дошт, мутахассиси бахши иқтисод ва идора буда, замони раҳбариаш ба ноҳияи Айнӣ, ин ноҳия аз маблағгузории ҳукумати марказӣ бароварда шуда, ба ноҳияи даромаднок табдил дода шуд ва аз хизматҳои ӯ дар рушди пойтахту ноҳияи Зафаробод низ аксари мутахассисон огаҳӣ доранд», – иброз дошт Ёдгорӣ.

Ба қавли ӯ, муовинони нави раиси ширкат – Ҷамшед Бобоев ва Баҳром Азимов энергетикҳои касбӣ буда, аввалӣ қаблан ба силсиланерӯгоҳҳои барқии Вахш сарварӣ мекард ва дуюмӣ замоне ба сифати муовини раиси энергохолдинг кор кардааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 5-уми июли соли равон бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик»

иваз карда шуд.

Ба ҷойи Раиси қаблии ин ширкат Аслиддин Назарзода, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод карда шуд, Рустам Раҳматзода Раиси Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи Барқи тоҷик таъин карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.