Рӯзҳои 30-31-уми июл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) доир мегардад. Субҳи рӯзи 30-юми июл вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба Душанбе ташриф меоранд.
Бино ба иттилои департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, санаи 31-уми июл дар Кохи Миллат вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ-ро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.
Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар қароргоҳи ҳукумат дар пойтахт баргузор мешавад. Дар ҷаласа баррасии рӯзномаи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ, ки моҳи сентябри ҳамин сол дар Душанбе доир мегардад ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти созмон дар назар аст. Аз моҳи сентябри соли 2013 то моҳи сентябри ҳамин сол – ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ, Тоҷикистон раёсат дар СҲШ-ро ба уҳда дорад.
СҲШ созмони байнулмилалии минтақавӣ буда, соли 2001 аз ҷониби сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Ба ҷуз Ӯзбекистон, кишварҳои дигар узви «Панҷгонаи Шанхай» мебошанд, ки дар асоси баимзорасии созишнома миёни панҷ кишвар солҳои 1996-1997дар бораи таҳкими эътимод дар бахши низомӣ ва коҳиши мутақобилаи Қувваҳои Мусаллаҳ дар минтақаи марзӣ таъсис дода шуда буд.


