Колоколсев: Кӯшишҳои вуруди ҷангиён аз Сурия ба Тоҷикистон ва Русия ба мушоҳида мерасад

– Ба амнияти Русия ва Тоҷикистон хурӯҷи қарибулвуқӯъи нерӯҳои эътилофи низомии байнулмилалӣ аз Афғонистон ва кӯшишҳои вуруди ҷангиён аз Африқои Шимоливу Сурия ва дигар кишварҳои Шарқи Наздик ба Тоҷикистону Русия таҳдид мекунанд, – иброз доштааст рӯзи 11-уми август вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколсев зимни ҷаласаи ҳайатаи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистону Русия дар шаҳри […]

ASIA-Plus



– Ба амнияти Русия ва Тоҷикистон хурӯҷи қарибулвуқӯъи нерӯҳои эътилофи низомии байнулмилалӣ аз Афғонистон ва кӯшишҳои вуруди ҷангиён аз Африқои Шимоливу Сурия ва дигар кишварҳои Шарқи Наздик ба Тоҷикистону Русия таҳдид мекунанд, – иброз доштааст рӯзи 11-уми август вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколсев зимни ҷаласаи ҳайатаи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистону Русия дар шаҳри Қайроқкум.

Бино ба иттилои РИА «Новости», вазири корҳои дохилии Русия изҳор намудааст, феълан ҳарду кишвар мунтазам табодули маълумот мекунанд, ки тариқи он макони будубоши аъзои гурӯҳҳои террористиву ифротгаро муайян карда мешавад, вале гуногунии меъёрҳои таҷҳизоти истифодашаванда ба ҷоришавии сабти автоматӣ ва ҳамчунин гузариш ба табодули маълумот бештар дар шакли электронӣ монеъа эҷод карда, аслан бинобар сабаби мавҷуд набудани намунаи асноди расмии кишварҳои хориҷӣ дар пойгоҳи миллии маълумот, гузаронидани таҳқиқоти муқоисавӣ ва ташхисҳои судиро душвор месозад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, баъди муҳокима намудани масъалаҳои Мушовараи якҷоя Нақшаи кории Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Россия барои соли 2015 тасдик гардида, Протокол оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Созишнома оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 21 августи соли 2007 аз ҷониби Вазирони ҳарду кишвар ба имзо расонида шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия масъалаҳои роҳандозии фаъолияти муштараки ҷонибҳо дар самти мубориза бо терроризм, ифрогароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, дурнамои ҳамкории воҳидҳои ташхиси криминалистии вазоратҳо ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.

Зикр гардид, ки айни замон беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар макотиби олии Вазорати корҳои дохилии Русия таҳсил дошта, беш аз 20 нафар кадрҳои баландихтисос аз Тоҷикистон дар самти ташхисӣ-криминалистӣ дар озмоишгоҳҳои ВКД Русия аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар ин давра дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар якҷоягӣ бо кормандони ВКД Федератсияи Россия 9 амалиёт гузаронида шуд, ки дар натиҷа зиёда аз 70 кило маводи нашъадор дарёфт ва мусодира гардид.

Гуфта мешавад, бо фармони Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Колокольцев Владимир Александрович, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои саҳми арзанда гузоштан дар ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо медали «Барои хизмати шоён» мукофотонида шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.