Боздошти ронандаи фирории ноболиғонро пахшкарда

Ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра» (рақами давлатиаш 66-62 АС03) Наимҷон Муродови 27-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ки рӯзи 8-уми август бо автомашинааш ноболиғонро пахг кард, боздошт шуд. Қаблан дар маълуомти БДА иттилоъ дода шуд, ки бар асари ин ҳодиса Ҷамшед Беканазарови 14-сола дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва Меҳриддин Бердиеви 14-солаву Макнунаи Абдукарими 16-сола бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар […]

Турко Дикаев



Ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра» (рақами давлатиаш 66-62 АС03) Наимҷон Муродови 27-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ки рӯзи 8-уми август бо автомашинааш ноболиғонро пахг кард, боздошт шуд.

Қаблан дар маълуомти БДА иттилоъ дода шуд, ки бар асари ин ҳодиса Ҷамшед Беканазарови 14-сола дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва Меҳриддин Бердиеви 14-солаву Макнунаи Абдукарими 16-сола бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуда, худи ронанда аз ҷойи ҳодиса фирор ва ба ҷабрдидагон кумак накардааст.

Ба гуфтаи сардори Раёсати ВКД-и вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб полковники милиса Абдулваҳҳоб Искандаров, шоми ҳамон рӯз гунаҳкори садама дар шаҳри Душанбе боздошт ва ба тавқифгоҳи муваққатии шуъбаи ВКД дар шаҳри Кӯлоб оварда шудааст. «Вазъи ноболиғони дар бемористон бистаришуда хуб буда, ба ҳаёти онҳо дигар ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад», – иброз дошт ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.