Семинарҳои омӯзишии КМИР дар Тоҷикободу Ҷиргатол

Гурӯҳи кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон таҳти раҳбарии узви КМИР Зиё Раҳмон дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Ҷиргатол бо фарогирии аъзои имконпазири комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ ва қитъавӣ семинарҳои омӯзишӣ баргузор кард. Қобили зикр аст, ки корҳои ташкили интихоботи парлумонии зимистони соли оянда маҳз ба дӯши аъзои комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ ва қитъавӣ вогузор мегардад. […]

Аваз Юлдошев



Гурӯҳи кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон таҳти раҳбарии узви КМИР Зиё Раҳмон дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Ҷиргатол бо фарогирии аъзои имконпазири комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ ва қитъавӣ семинарҳои омӯзишӣ баргузор кард.

Қобили зикр аст, ки корҳои ташкили интихоботи парлумонии зимистони соли оянда маҳз ба дӯши аъзои комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ ва қитъавӣ вогузор мегардад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки иштирокчиёни семинар тағйироту иловаи тасдиқшуда ба дастурҳо «Дар бораи комиссияҳои интихоботии қитъавӣ», «Дар бораи комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ», «Дар бораи номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон», «Дар бораи тартиби баррасии арзу шикоят», «Дар бораи ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоби аъзои палатаи болоии парлумон» ва «Дар бораи санҷиши сатҳи дониши забони давлатии номзадҳо ба вакилӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор доданд.

«Ғайр аз ин, дар семинарҳо тағийроту иловаи нави марбут ба қонунгузории интихоботи кишвар, аз қабили кам шудани гаравпулии интихоботӣ, манъи раёсати намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҷлисҳои пешазинтихоботӣ, тартиби пур кардани протоколҳо низ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд», – иброз дошт Додоев.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, маъракаи интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳуриро президенти мамлакат на дертар аз 75 рӯз то анҷоми ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон, ки 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасад, таъин мекунад. Интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ дар як вақт бо интихобот ба палатаи поёнии парлумон сурат мегирад. Интихобот ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пас аз 25 рӯзи баргузории интихоботи вакилон ба палатаи поёнии парлумон доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.