Раҳбари Ҳаракати умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» ба Душанбе омад

Раҳбари Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарифов имрӯз  ба Душанбе омад. Бино ба иттилои сомонаи расмии Ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик», сафари Каромат Шарипов ба ватан ба иҷрои қарзи шаҳрвандии ӯ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои қонунии ҳамватанони муқими Русия марбут аст. Дар ҷараёни сафар Шарипов бо Маҳмудҷон Сангов вохӯрданист, ки аз ҷониби ҳамватани худ […]

ASIA-Plus



Раҳбари Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарифов имрӯз  ба Душанбе омад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик», сафари Каромат Шарипов ба ватан ба иҷрои қарзи шаҳрвандии ӯ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои қонунии ҳамватанони муқими Русия марбут аст.

Дар ҷараёни сафар Шарипов бо Маҳмудҷон Сангов вохӯрданист, ки аз ҷониби ҳамватани худ ба ғуломии соҳибкори рус фурӯхта шуда, замони фирор ҷароҳат бардоштааст. Дар Русия аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки дар он Каромат Шарипов ба сифати ҳимоягар амал мекунад.

Ҳамчунин Шарипов дар робита ба ошкор кардани ҳолатҳои марбут ба «миёнаравони пинҳонӣ», ки дар маркази тиҷорати «Москва» нақши нозиронро мебозанд, низ як қатор мулоқотҳои ғайрирасмӣ оростанист.

«Маҳз «миёнаравони пинҳонӣ» бозори ғуломон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистонро ташкил додаанд. Маълумоти аз Тоҷикистон раҳбарӣ шудани «миёнаравони пинҳонӣ»-ро Шарипов аз роҳбари хадамоти амнияти маркази тиҷорати «Москва» дастрас кардааст», – таъкид мегардад дар хабари сомона.

Гуфта мешавад, Каромат Шарипов умедвор аст, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон, намояндагони васоити ахбори умуми давлатӣ ва мустақил ба ҳарфҳои ӯ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд кард.

Зимнан зикр мегардад, ки ба зиммаи раҳбари Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» ҳамчунин кӯшиши роҳандозии эфири мустақим бо ҷавонони тоҷики муқими Русия низ вогузор шудааст. «Ҳақиқат то ҳадде ногувор бошад ҳам, ҳукумати Тоҷикистон бояд мардонавор ба он гӯш диҳад», – омадааст дар хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.