Убайдуллоев сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳрро аз мансб барканор кард

Таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба тақвияти омодасозии шаҳри Душанбе барои таҷлили 23-солагии Истиклолияти давлатӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва истиқболи 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе бо иштироки масъулини сохторҳои марбута ва соҳибмулкони меҳмонхонаву бозорҳои шаҳр ҷаласаи навбатии ихтисосии шаҳрдорӣ доир гашт. Бино ба иттилои хадамоти […]

ASIA-Plus



Таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба тақвияти омодасозии шаҳри Душанбе барои таҷлили 23-солагии Истиклолияти давлатӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва истиқболи 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе бо иштироки масъулини сохторҳои марбута ва соҳибмулкони меҳмонхонаву бозорҳои шаҳр ҷаласаи навбатии ихтисосии шаҳрдорӣ доир гашт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Маҳмадсаид Убайдуллоев аз фаъолияти роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва сохторҳои марбута, ки  бо ҷалби аҳли ҷамоатчигӣ барои ободонию беҳдошти муҳити зист, ба тартиб даровардани намои бинову иншоотҳо, сабзкорию хуррамнигаҳдории дарахту буттаҳо, таъмири ҷории роҳу пиёдаравҳои маҳаллаву шаҳракҳо ва аз байн бурдани иншооти ғайриқонунӣ роҳандозӣ карда шудааст, изҳори нигаронӣ карда, дастур фармуд, ки ҳар кадоме фаъолияташонро бознигарӣ намуда, ҳамарӯза соати 18:30 нисбати корҳои анҷомдода ба Раиси шаҳр ахбор манзур созанд.

Ба иттилои манбаъ, барои таъмин накардани назорати дахлдор оид ба барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ аз ҳудуди шаҳр аз ҷониби сохторҳои ноҳиявӣ, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе Абдусалим Ҷӯраевро аз мансаб барканор кард. Ҳамзамон Рустам Баротов – директори КВД «Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва Давлатманд Саидов – директори КВД «Бозори Саховат» таъин карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат