Гумонбарии мудири филиали «Амонатбонк» дар Рашт ба азхудкунии ҳудуди 2 млн. сомонӣ

Мудири филиали №76 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар минтақаи Рашт Умаралӣ Мирзоев ба азхудкунӣ ва исрофкории воситаҳои ниҳоят зиёди пулӣ гумонбар дониста мешавад. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, зимни фаъолият ба ҳайси мудири ин филиал дар давраи солҳои 2012-2013 У.Мирзоев бо истифода аз ваколатҳои […]

ASIA-Plus



Мудири филиали №76 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар минтақаи Рашт Умаралӣ Мирзоев ба азхудкунӣ ва исрофкории воситаҳои ниҳоят зиёди пулӣ гумонбар дониста мешавад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, зимни фаъолият ба ҳайси мудири ин филиал дар давраи солҳои 2012-2013 У.Мирзоев бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ 1 млн. 955 ҳазору 735 сомонӣ маблағро азхуд ва барои эҳтиёҷоти шахсиаш масраф кардааст.

Ба иттилоли манбаъ, Умаралӣ Мирзоев бо мақсади пинҳон намудани маблағҳои пулии тасарруфнамудааш, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои расмӣ ба номи 91 нафар шаҳрвандон ба маблағи умумии 4млн. 359,5 ҳазор сомонӣ қарзи бонкӣ ба расмият даровардаааст, ки гӯё номбурдагон маблағи мазкурро аз хазинаи бонки номбурда бо тариқи нақдӣ гирифта бошанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати номбурда мутобиқи моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 340 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.