Қирғизистон аҳду паймонҳоро риоя намекунад

Аз охири ҳафтаи гузашта ҳукуматдорони ноҳияи Ботканди Қирғизистон ба азсаргирии сохтмони роҳи Оқсой – Тамдик, ки тариқи қаламрави самти Исфараи марзи давлатии Тоҷикистон мегузарад, талош меварзанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як сарчашмаи огаҳ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, кӯшишҳои кишвари ҳамсоя ҷиҳати дубора шурӯъ намудани сохтмони роҳ бо истинод ба […]



Аз охири ҳафтаи гузашта ҳукуматдорони ноҳияи Ботканди Қирғизистон ба азсаргирии сохтмони роҳи Оқсой – Тамдик, ки тариқи қаламрави самти Исфараи марзи давлатии Тоҷикистон мегузарад, талош меварзанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як сарчашмаи огаҳ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, кӯшишҳои кишвари ҳамсоя ҷиҳати дубора шурӯъ намудани сохтмони роҳ бо истинод ба иҷозати Вазорати нақлиёти Қирғизистон мухолифи аҳду паймони қаблан бадастомада миёни кишварҳо мебошад.

«Комиссияи байниҳукуматии кишварҳо дар сатҳи муовинони нахуствазир аввали моҳи июл ба тавофуқ расида буданд, ки сохтмони роҳи Оқсой – Тамдик метавонад дар як вақт бо сохтмони роҳи мошингарди Исфара – Ворух, ки ин маҳаллаи аҳолинишини Тоҷикистонро аз ҷазирақаламрав берун меовард, оғоз гардад. Он замон намяондагони ҳарду ҷониб ҷиҳати омӯзиши якчанд варианти ҳалли ин мушкилот ба созиш расида буданд», – таъкид кард манбаъ.

Ба қавли манбаъ, ин талошҳои ҷониби Қирғизистон ҷиҳати дубора оғоз кардани сохтмони роҳи Оқсой – Тамдик ба норозигии аҳолии наздимарзии Исфара боис мегардад, вале алҳол ҳукуматдорони маҳаллӣ вазъро зери назорат доранд.

«Мақомоти шаҳрдории Исфара ба унвони ҳукумати ноҳияи Ботканд оид ба ин масъала якчанд мактуб равона кард, вале то ҳол ба ҳеҷ кадоме аз онҳо посух нагирифтааст», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ёдрас мекунем, ки кӯшишҳои кишвари ҳамсоя ҷиҳати азсаргирии сохтмони роҳи мошингарди Оқсой – Тамдик моҳи январи соли равон ба муноқишаи мусаллаҳона миёни сарҳадбонони ҳарду кишвар оварда расониданд, ки бар асари он аз ҳарду ҷониб якчанд нафар захмӣ шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.